Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Андчархиш чархиши бешумор (зиёд)
Андшумор чанд бор шуморкардашуда
Андшуморӣ чанд бор шумор кардан
Андяк аз анд (чанд) як ҳисса
Андякрӯз аз анд (чанд) як ҳиссаи рӯз
Андяксол аз анд (чанд) як ҳиссаи сол
Андякшаб аз анд (чанд) як ҳиссаи шаб
Анордонг донаи анор, анордона
Анҷомдиҳӣ ба анҷом расонидан
Анҷомсухан сухани анҷомбахшанда (хотимавӣ))
Анҷуғиш/анҷухиш амали анҷуғидан, яъне дарҳам кашида шудан
Анӯшдору доруи зидди беморӣ, позаҳр
Аррабур ба воситаи арра буридашуда
Аррабурӣ ба воситаи арра буридан
Аррамайда чӯбгардаҳое, ки баъди арра кардани чӯб ҳосил мешаванд
Арсан анҷуман, маҷлис, маҳфил
Арсанороӣ маҳфилороӣ,
Аспкӯб бо асп кӯбидашуда (масалан, гандум)
Аспкӯбиш тариқи аспгардонӣ кӯбидани гандум
Аспкӯфт ниг.: аспкӯбиш
Аспҷувоз ҷувози аспӣ (дастгоҳе, ки ба он аспро баста чарх занонда аз кунҷид ё зағир равған мекашанд)
Астӣ ҳастӣ; олами моддӣ
Астиманд моддӣ, дорои ҳастӣ
Афзоишдеҳ(ак) ниг.: афзуна
Афзоишдиҳӣ афзоиш додан, зиёд кардан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё