Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Тафспазир ба тафс тобовар
Тафспазирӣ ба тафс тобовр будан
Тафсхӯрандагӣ хосияти тафс гирифта тавонистани чиз
Тафтаоҳан оҳани тафта (тафсонидашуда)
Таҳкард пӯшок, кӯрпа ва либосро ҳамвор қат карда мондан
Таҳчинӣ пӯшок, кӯрпа ва либосро ҳамвор қат карда чиндан
Таҳҷома либоси тунуке, ки аз таҳи ҷома ба бар мекунанд
Теғтарош бо теғ тарошидашуда
Теғтарошӣ бо теғ тарошидан
Тезгузар тез (зуд) гузаранда (масалан, абр)
Тезгузашт тез (зуд) гузаштан
Тезвир тезҳуш, тезфаҳм
Тездав тез даванда
Тезнавохт тез навохтан
Тезрафт тез рафтан; тезраванда
Тезсӯз чизи тез сӯзанда
Тезсӯзиш тез (зуд) сӯхтан
Тезтак тездав
Тезҷунбо тезҷунбанда, тезҳаракаткунанда
Тезшоро тез (босуръат, бошаст) шоранда
Телабаровард тела дода баровардан
Теладаровард тела дода даровардан
Телабурд тела-тела бурдан
Теладеҳ(ак) ҷузъи теладиҳанда
Телба сарорсема, бошитоб
Темор ғамхор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ