-Рафту дар сарҳад моро дастгир мекарданд - чӣ?
-Дар роҳ ҳар кор шуданаш мумкин, вале набояд инсон шӯълаи умедро пеш аз вақт дар замираш хомӯш созад, - бандаро тасалло дода гуфт нафаре, ки дар корхона шахси дуюм ҳисоб мешуд.
-Баъди ду ҳафта мо аз он ҷо баъзе қисмҳои эҳтиётӣ харида, роҳи бозгаштро пеш гирифтем. Дар роҳ ба сармуҳосиб муяссар шуд, ки бандаро барои иҷрои баъзе аз амалҳои ғайриқонуниаш розӣ намояд. Чун он маблағи муфт ба даст омада ҳанӯз дар барам буд, астағфуриллоҳ гуфтанро ба гӯшаи хаёлам ҳам наовардам ва мутеъи қувваҳои аҳриманӣ шудам. Баъди ин ман тариқи мошин ба минтақаҳои сарҳадӣ сафар мекардам ва ба ҳар нафае, ки барои Руҳулло Ғаффор “туҳфа” мефиристод, арзи сипос намуда онро чун амонат бехиёнат оварда, ба дасти сармуҳосиб медодам. Албатта, аз ин ҳисоб ман ҳам ком ширин менамудам ва Руҳулло Ғаффорро акнун бародари қиёматӣ ва маънавии хеш медонистам ва ҳаргиз аз нақшаи кашидааш берун нашудам. Сухани эшон барои ман аз ҳама қонунҳо волотар буд, вале ин хурсандии мо дер давом накард. Сарвари корхона аз амалҳои ғайриқонунии мо огоҳ шуда, аз пайи фош намудани амалҳоямон шуд. Ӯ чанд маротиба кӯшиши Руҳулло Ғаффорро аз кор рондан намуд, вале ин корро бо кадом сабабе боз ба таъхир андохт. Субҳи рӯзи 29 ноябр, дар замоне, ки мо аз махфигоҳи худсохти мошин қариб 30 кг маводи мухаддири навъи героинро бароварда, дар қуттиҳои махсус нияти ҷо ба ҷо намудан доштем, то ки баъди овардани меваҳои ситрусӣ онҳоро ҳамроҳи он бор тариқи қатора ба хориҷи кишвар интиқол диҳем, аз куҷое сарвари корхона чун балои ногаҳонӣ пайдо шуд. Ин амали моро дида, ӯ қариб девона шуда буд ва хост милисаро ба ҷойи ҳодиса ҷеғ занад. Руҳулло Ғаффор ӯро ба ҳамкорӣ даъват намуд, вале Зокири Қосим дар он лаҳзаҳо мавқеъи Абуҷаҳлро пеша намуда, ба милиса занг заданӣ шуд.
Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гардидаву Руҳулло Ғаффор аз малакаи андӯхтааш дар гурӯҳи таъиноти махсус ҳангоми дар Ҷумҳурии Афғонистон буданаш истифода бурда, бо панҷаи кушода (чунин ҳолати зарбаро табарзан ҳам мегӯянд - Ш.А.) ба раги бари гардани сарвари корхона чунон зад, ки ӯ беҳуш шуда афтид.





