-Тайи се соли охир ман сари ин масъала борҳо андеша намуда будам ва имрӯз шумо бандаро бовар кунонидед, ки то замоне онро пинҳон медорам, аз таъқиби виҷдон раҳо нахоҳам ёфт ва ба ростӣ банда дигар қувваи бардоштани чунин таъқибро надорам. Гумон мекунам, ки тайи ин муддат асабҳоям хароб шуданд ва акнун ҳар чӣ бодо бод...
-Дар чунин ҳолат пеш аз оғози суҳбат моро лозим меояд то шуморо аз ташхиси пурраи равонию руҳӣ гузаронем.
-Ман ҳамин хел дар омади сухан гуфтам ва чун он рози дар дил нуҳуфтаро барои тафтишот арзонӣ дорам, дигар дар ин самт хатаре бандаро таҳдид нахоҳад кард.
-Пас агар чунин аст, шуморо гӯш мекунам. Манзуратон бод, ки рафти суҳбат ҳам ба таври хаттӣ ва ҳам овозӣ, яъне, ба диктофони тамғаи “Сони” сабт карда мешавад.
-Гумон доред, ки ман аз нишондодам даст мекашам?
-Не, албатта, вале ҳар кор паҳлуҳои норавшани хешро дорад ва сабти ҳама гуна суҳбати расмиро худи тафтишот тақозо мекунад.
-Бошад.
-Мехостам шумо ҳодисаҳои таърихи сесоладоштаро, ки боиси зиндонӣ шуданатон гардида буд, бори дигар ба ёд меовардед?
-Тахминан панҷ сол пеш дар асоси озмун ба ҶДММ “Шаҳноз” ба кор шурӯъ намудам. Чун фасли хазонрез буд, оғози аввалини сафари банда ба хориҷи кишвар ба нақша гирифта шуд. Ҳафтае пеш аз ба сафар баромадан ман ба таъмири мошини “Камаз” пардохтам ва сипас аз омода будани мошин ба сафари тӯлонӣ ба роҳбарияти корхона гузориш додам. Дар яке аз рӯзҳои охири моҳи ноябр ба мошини ба ман вобастакардашуда меваҳои хушкро, аз қабили зардолу,чормағз ва писта бор намуданд. Ҳамаи он бор дар анбори корхона нигоҳдорӣ карда мешуд ва ман намедонам онҳоро кай ва чӣ хел захира намуда буданд. Мо бояд борро то ба шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Мухтори Бошқирдистон интиқол медодем. Чун роҳ ниҳоят дуру дароз буд, мебоист аз ҳисоби корхона ронандаи дигаре низ ҳамроҳи ман ба сафар мебаромад, вале пеш аз сафар ин тарафи масъаларо худи сармуҳосиб Руҳулло Ғаффор, ки бояд тариқи тайёра ба шаҳри Уфа мепарид, ба душ гирифт.





