Нишондоди Гулрӯи Солеҳро бо худ гирифта, навбатдорро дар бораи ба прокуратура даъват шуданам огоҳ намуда, аз бинои милиса берун шудам...
-О ин чӣ кори кардагиат? - бе ягон далели муътаманд чӣ тавр тавонистед нафареро, ки ҳамагӣ даҳ рӯз пеш дар зери теғи ҷарроҳ буд, боздошт намоед? - баробари пой ба остонаи дафтари кории прокурор гузоштанам пурсид нафаре, ки дар сари мизи калон менишаст.
-То ҷое банда итилло дорам, ҳатто пеш аз қатл ҳам ба нафари маҳкумшуда сухан медиҳанд.
-Хуш, баъди ин ҳама корнамоиҳоят, агар гуфтание ҳам дошта бошед, марҳамат!
Аз он чӣ ки эшон ин дафъа бандаро ҳатто таклиф ба нишастан накард, дарёфтам, ки касе аз мақомотҳои болои сарашро дуруст “сила” намуда ва дигар каломе ба забон наоварда, коғазҳоро аз байни ҷузвдонам гирифта, болои мизи прокурор гузоштам.
-Ҳамааш ҳамин?
-Гумон мекунам барои боздошти муваққатӣ ҳаминаш ҳам кофист.
-Чаро рост истодаед? Гузашта шинед. Агар нафаре ин ҷо мебуд, гумон мекард, ки шумо бори аввал пой бар ин остона гузошта ва соҳиби дафтари кориро низ бори аввал дида истодаед, - гӯён Асад Ғанӣ айнаки дар гӯшаи миз бударо ба чашм гузошта, ба қироати ҳуҷҷатҳои овардаи ман пардохт.
Банда низ аз рӯӣ мақоли халқии “то омадани табар кунда меосояд” амал намуда, ба курсие нишастам.
-Ҳамон нафари чашмкабудро аз таги замин ҳам бошад, пайдо намоед, вагарна моро ба ҷуз озод намудани Файз Камол ва аз вай узр пурсидан дигар чорае нест.
-Кӯшиш мекунем, рафиқ прокурор.
-Бачаи боба ин ҳанӯз ҷавоб нест.
-Охир ман гуфта наметавонам, ки он балозадаи суханчинро дар ҳамин муҳлати кӯтоҳ меёбем.
-Ин тавр бошад, барои узр пурсидан ва боз ҷазои интизомӣ гирифтан тайёриатонро бубинед, Дарвозӣ.





