-Модоме ба анҷоми неки кор боварӣ надорӣ, куҷо меравӣ?
-Ҳамин ҳолатро фикр карда ба идора омадам, то якҷоя бо шеф маслиҳат намуда...
-То ҳанўз Воҳид Камолро нашинохтаед.
-Пас чӣ бояд кард?
-Ба аёдати Парвина Қамар меравем.
-Чӣ вай бемор аст?
-Не.
-Пас дар ин рўзи якшанбе моро бо вай чӣ корест?
-Моро бо вай ҳеҷ, вале ўро бо мо...
-Нафаҳмидам.
-Ў ба мо гуфтаниҳои зиёде дорад.
-О лаҳзае пеш гуфтед, ки ба хона меравам.
-Гуфтам, вале нагуфтам, ки ба хонаи худам меравам ё гуфтам?
-Не, нагуфтед.
-Ҳа, дарвоқеъ, имрўз Парвина Қамар бо як занги телефонӣ мазори моро ба бозор мубаддал намуд.
-Ё тавба, чӣ хел мазорро ба бозор мубаддал намуд?
-Мазор худ чист?
-Оромгоҳи гузаштагон.
-Бозор чӣ?
-Макони шӯру ғавғо.
-Пас чияш нофаҳмо?
-Акнун фаҳмидам...
-Набошад, ба пеш! - гӯён ман ба самти ғарб қадам ниҳодам ва лаҳзае пас Ҷомии Шариф дар паҳлуям рост шуда пурсид:
-Парвина Қамар аз ҳодисаи ба сари Усмон Башир омада огоҳ ҳаст?
-Ҳаст ва боз чӣ хел.
-Пас чаро ба суолҳои хеш тариқи телефон посух нагирифтед?
-Ин ба гуфтан осон.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки аз марги Усмон Башир собиқ ашрофидухтар дубора сиёҳпӯш гашта.
-Аз суханонаш ба хулосае омадам, ки марги дасти рости шавҳар аз марги шавҳар ба вай гаронтар афтида.





