Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 480 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 480 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар он шабу рўз омадани хатти сиёҳ як ҳодисаи муқаррарӣ шуда буд ва баробари дар деҳа пайдо шудани хаткашон дили ўро гургон тала мекарданд...
Баъди чанд моҳи ба ҷанг рафтан хатти сиёҳи Ҳақназар омад ва то охири соли 1943 чунин номаҳои ҷонсўз аз ҳамаи онҳое, ки ҳамроҳи шоҳи хонадони онҳо рафта буданд, ба дасти хешу ақрабояшон расид. Ғами мардуми деҳро дар он шабу рўз интиҳо набуд ва ба ҳама дарду алами хеш нигоҳ накарда, мардум аз субҳи содик то намози шом дар саҳро кор мекарданд ва бо ин васила натанҳо барои фронт маҳсулоти хоҷагии қишлоқро ҷамъоварӣ менамуданд, балки дастурхони хонашерони майдонғарибро низ пур мекарданд.
Оҳ чӣ кару фаре доштанд он хонасалотҳо. Онҳо дар он шабу рўз пуф – пуфи одами хокӣ мегуфтанд. Муддате бародари ў низ муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифт. Дарду андӯҳи онҳоро дар он шабу рўз ҳисоб набуд, вале суханони бародар: - “Гиря накун, духтари Шоҳ ман, албатта бармегардам, бо зафар бармегардам, барои ту бармегардам” дар қалби ў як шӯълаи умедро фурўзон медошт.
Ҳангоме, ки бародар дар даштҳои Украина бо душман дар набард буд. ў синфи ҳафтро хатм намуда, сарпарастии оиларо пурра ба душ гирифт. Вай аз субҳи содиқ то намози шом ва гоҳҳе дар шабҳои маҳтобӣ то намози хуфтан ҳамроҳи муйсафедони дар ақибгоҳ монда ва ҳамсолони чун худаш бекасу бенаво дар саҳро кор мекард ва музди меҳнати ночизе мегирифт. Он музд аслан тирамоҳ - баъди ҷамъоварии ҳосил дар шакли натура дода мешуд ва гоҳҳо духтаракони чун ў бекасу танҳо монда нағмаю усули “шоҳдухтарон”-ро, ки падару бародарони дар ақибгоҳ мондаашон, ки акнун сарварии деҳро ба душ доштаву ҳаррўза бо рафиқ Сталин телефонӣ суҳбат мекарданд, дида, бо ҳавас мегуфтанд:

  • Кӣ канад ҷону кӣ хӯрад нон...
    Ба ҳама душвориҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ў мекӯшид, ки бо меҳнати ҳалол як луқма нонро барои худ ва модараш, ки бародар нигоҳбониашро ба душаш вогузошта буд, пайдо намояд. Шабҳо дар хонаи сард дар рўшноии хираи сиёҳчароғ ў ҳамроҳи модар пойҳояшонро дар сандалӣ, ки заҳраш каме шикаста буд, ба қавле гарм карда, яке писар ва дигаре бародарро ёд мекарданд...
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан