Маҳз дар аввалин сафараш вай мӯъҷизаи табиати афсункорро дид. Дар як рўз ў аз деҳе, ки пурра дар зери қабои барф буд ба маҳале рафт, ки чомаи махмали сабз ба бар карда буд. Дар рўзҳои дар меҳмонӣ буданаш ҳамроҳи чанде аз ҳамсолони худ, ки акнун бо онҳо низ шиносоӣ пайдо карда буд, гулҳои сиёҳгўш ва бойчечак чид, вале дилаш боз ба ҳамон деҳаи пурбарф, ба ҳамсинфони дар он деҳа будааш, ба бародари ягонааш, ки ҳарду зери як бом калон шуда буданд, кашол буд.
Се рўз онҳо дар меҳмонии падар буданд. Падар бисёр мехост, ки ў боз ҳафтае ҳамроҳашон истад, вале ў аз дарсҳо кафо монданашро баҳона карду дигарбора рухсати падарро барои бозгашт ба деҳае, ки ҳанўз дар зери қабои барф мехобид, гирифт. Тобистони ҳамон сол ҳамсари нави падараш писар таввалуд кард ва ў ҳамроҳи волидайнаш ба дидорбинии тифл рафтанд. Ба писарак Ҷобир ном ниҳоданд. Ҷобир ба ў ниҳоят монанд буд, мисли ду пораи як себ... Бахти Ҷобир ҳам омад накард. Ҳанўз ў дусола нашуда, дасти шахшӯли аҷал аз гиребони падараш гирифт ва ў низ мисли апааш сағира шуд, вале умр ба Ҷобир вафо накарду ў низ дар синни нуҳсолагӣ аз олам даргузашт. Баъди чанд моҳ нафаре, ки ўро духтари Шоҳ мегуфт, бо зиндагӣ падруд гуфт. Соле пас ҷанг сар шуд ва даҳшати он дар як муддати кӯтоҳ тамоми кишварро фаро гирифт. Манбаи ахбори умум ин радиои калони байни деҳа, ҳамарўза аз вазъи фронтҳо хабар медод. Қариб моҳе набуд, ки аз кӯҳистони дурдаст ҳам ҷавононро ба ҷанг нафиристанд.
Чандин сол пас аз ҶБВ апаи дигараш Пайкармо, ки аз ў шаш сол калонтар буд, бо Исломи Дод ном марде ба шавҳар баромад ва онҳо дар деҳаи Лангари ноҳияи Тавилдара зиндагӣ мекарданд ва ў ҳамроҳи шавҳараш борҳо ба аёдати апааш рафта, ҳамзамон дар ҳар сафараш сари қадам ба деҳаи Сафедхок рафта, оромгоҳи падар ва бародарро зиёрат карда меомад. Ҳангоме, ки писари калониаш яксола буд, апааш Мушкиявшон ҳамроҳи акааш Шоҳхӯҷа, ки аз ў нуҳ сол калонтар буд бори аввал ба суроғаш ба он деҳаи кӯҳдоман омаданд. Ў ва шавҳараш то тавонистанд иззати меҳмононро ба ҷой оварданд, вале ҳангоми видоъ акааш ду пойро дар як мўза андохтанӣ шуда, иқлими сарди кӯҳдоман ва камбағалии шавҳарро баҳона карда, ўро аз шавҳараш ҷудо намудан хост, ва якравии хоҳарро дида, тифли яксоларо гирифта аз деҳа баромад.





