Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 473 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 473 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Бад не, илоҳо дастонатон дардро набинад.
Ҷавонзан аз забони тифли дар оғўшаш буда, таъби хушдоманро бо шоҳбайте болида гардонд..
Пиразан боз аз омодагӣ ба Наврўз пурсон шуд ва аз суханони келин ҳамин қадар фаҳмид, ки фардо ҳама якҷоя дар саҳни ҳавли Наврўзро таҷлил хоҳанд кард.
Боди форами баҳорӣ, ки худ як нишонае аз Наврўз буд мӯю рўяшро сила кард ва беихтиёр хотираҳои ўро ба дуриҳои дур, ки таърихи беш аз ҳафтодсола дошт, равона сохт...
Аз рўӣ нақлҳои шунидааш ў дар яксолагиаш аз модар маҳрум шуд. Соле пас падарашро, ки яке аз сарватмандони деҳаи Ёхсуи ноҳияи Ховалинг буд, кулак ҳукм намудаву молу амволашро талаю тороҷ намуданд. Падараш Амир он марде, ки давлату сарваташро ҳисоб набуд, бо гузашти айём ба каҷкули гадо муҳтоҷ шуд. Вақте ки ҳеҷ будагон сари мансаб омаданд, падараш дар куҳнаҷомае тифли сесоларо печонида, ба тарафи шарқ, ба самти офтоббаро ҳаракат кард. Баъди се рӯзи ҳаракат ба деҳае расид ва Саид ном марде вайро шинохт.
-Ба шумо чӣ шуд тақсирам, ба чашмони хеш бовар намекунам. Наход бойбобо ин шумо бошед?- мегуфт соҳибмулк.
-Ягон хато нашудааст, бачаи Шосаид, ман ҳамон Амирам аз деҳаи Ёхсу, ҳамон Амири дӯсти падарат.
-Марҳамат, бойбобо, биёед ба хона равем ва чаро ин кӯдакро бо худ гирифтаед?
-Дигар ман бой нестам, вале таклифатонро рад намекунам, ба ҳама суолҳоятон баъдтар ҷавоб хоҳам гуфт.
-Бошад, бошад, бойбобо, нури дида тоҷи сар, марҳамат ба кулбаи фақиронаи мо гузаред гуфт соҳибхона.
Дар сари дастурхони бобои Саид чӣ гапу чӣ кор гузаштааст, ҳоло дар ёди кампир нест, вале бо тавсияи ҳамин марди нек ва Мирзораҳими Абдураҳим аз деҳаи Чухкак Амири Ёхсу тифли сесоларо барои тарбия ба хонадоне дод, ки онҳо аз шаш писар панҷ нафарашонро ҳангоми ҳиҷрат ба Кулоб аз даст дода буданд...
Занги дар садо доду андешаҳои кампир пароканда шуданд.
Келин барои кушодани дар рафт...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан