Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 465 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 465 аз 499 · 2 ноябри 2026

КУНҶИ

НИГОҲ

( Қиссаи воқеӣ )
Эҳдо ба ёди модарам
Зарагӯли Амир

Бишнавед, эй дӯстон, ин достон,
Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он.26

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.27

Аз тирезаи кушода боди сарде вориди хона гашту бўйи накҳати баҳорро ба димоғи пиразан, ки муддати се-чор моҳи охир аз як пой маҳрум гаштаву дигар маҷоли роҳ рафтан надошт ва тамоми фасли дайро болои бистар пушти сар намуд, овард...
-Барои зиндаҳо баҳор шуд, гӯён ў оҳи сарде аз дили пурдард баровард.
Маҳз бо ҳамин оҳ мавҷи хаёлоташ чун мурғи аз қафас раҳошуда қанотзанон аз тирезаи кушода ба истиқболи Наврўз рафт...
Соле пештар ў дар ҳамин шабу рўз пойи равон дошту дар деҳае мардумаш ин тифли сесолаи сағири аз деҳаи Ёхсуи нохияи Ховалинг овардаро чун фарзанд қабул намудаву тайи қариб ҳаштод сол ў дар ин деҳи кӯҳистон дур аз хешу ақрабо, ёру бародар ба хотири пос доштани нону намаки ин мардум, новобаста аз ҳама душвориҳои ба сараш омада дигар деҳаро тарк накард, дар иҳотаи фарзандону наберагонаш ин ҷашни куҳанро пешвоз гирифт. Имрӯз бошад, ў дар шаҳр болои бистаре дар байни чор девори бетони. Ҳарчанд дар хонаи фарзандаш ҳаст ва аз меҳрубониҳои фарзанди шаҳрию набераҳояш бархӯрдор, боз дилаш ба ҳамон деҳаи сарди кӯҳистон, ба деҳае ки дар он солҳои сиюми садаи бист бобои Ҳомид ва ҳамсараш кампири Моҳхоним ўро чун фарзанд ба тарбияи хеш гирифтанд, кашол...

26 Сухан аз Ҷ. Балхӣ.
27 Сухан аз Лоиқ Шералӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан