мутамарказро фурўхта, ба давлат ба маблағи панҷсад доллар даромади «соф» оварданд…
… 16 …
Имрўз аз забони Ташрифов фаҳмидам, ки Хӯҷаев ҳам дар маҳбас аст. Барои кадом кораш? Охир дар ҳама ҷо ў мардумро ба адлу инсоф, ба меҳнати ҳалол даъват мекард. Пас ба худаш чӣ шуда бошад? Ва боз сухани Ҳофизи бузургвор ба суоли банда ҷавоб шуд:
– Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд…
Ба гумон аст, ки Хӯҷаевро барои хусусигардонӣ ба маҳкама кашида бошанд ва то он ҷойе ки банда огоҳӣ доштам, хуни собиқ раиси комитети агросаноатӣ, ки бе рухсати ў номзадиашро ба вакили мардумӣ гузоштанӣ буд, дар гардани ўст. Ва маҳз рўҳи Қаландаров ўро шармандаи ин дунё сохт ва шояд дар қиёмат ҳам аз ў домангир шавад…
Ҳарчанд худам ҳам фаришта набудам, вале ба хулосае омадам, ки бо афроде чун Хӯҷаев такя кардан маъние надорад.
Охир мардумон ба вай беҳуда номи артистро нагузоштаанд ва “санъаткор” метавонад дар ҳама ҳолат симояшро тағйир диҳад, ана баъд ёбу гир… Агар Хӯҷаев кӯтоҳназар намешуд, ҳаргиз худро пойбанди мафия намекард:
Марҷеи маънии ин сустхаёлон дарёб, То бидонӣ чӣ қадар фитраташон кўтоҳ аст.
Банда дар байни ин се номзад, ки заррае ба онҳо такя
кардан мумкин бошад, Мартин Борманро наёфтам…25
… 17 …
…Тафтишот ду моҳ тўл кашид. Мавсими гармо паси сар шуду фасли хазонрез омад. Дар ин муддат бандаро чанд маротиба бо «се мушкетдор» рў ба рў намуданд. Дар талоши ҷони худ онҳо хеле почак заданд. Мехостанд ҳамаи гуноҳро ба гардани камина бор намоянд. Лекин ин барояшон муяссар нашуд, зеро дастони ҳар сеяшон аз оринҷ боло ғарқи хун буд.
Аҳволи онҳоро дида аз аҳволи худ фаромўш кардам…
Шахси чорум дар ҳукумати Германияи фашистӣ с.1941-1945.





