Дар ҳамин ҷо ҳам кампири бибиаш моро осуда нагузошт.
Ба умеди дидани ҷамоли зебои ў ман болои кат дароз кашидам,
вале афсўс, ки ў дигар наомад…
… 13 …
– Хуш, фикр кардӣ? – маро дидан замон пурсид мушовири адлияи дараҷаи сеюм Ташрифов.
Ман ҳамоно сар ба зер афканда хомўш меистодам.
– Гузашта шин, – курсиеро нишон дода гуфт Ташрифов.
Ман ки ҷуз иҷрои амри ў чорае надоштам, хомўшона ба курсии нишондода нишастам.
Дар ҳамин вақт соҳиби утоқ ҳам омада ба ҷойи худ нишаст. Бо амри Ташрифов ў магнитофони тамғаи «Юность»
– ро омодаи кор сохт.
– Мо шуморо рафиқ Сабзаев ба сифати гумонбаршуда дар якчанд ҷинояти вазнин пурсиданием. Ёвари ман дар ин масъала лейтетананти калони милиса Хурсандов аст. Мо овози шуморо ба лентаи магнитофони тамғаи «Юность – 406» сабт мекунем. Шумо ҳуқуқ доред, ки…
– Хуш, гўшамон ба шумо рафиқ Сабзаев, гап занед!
– Аз куҷо?
– Аз куҷое хоҳед, охир доираи фаъолиятатон дар солҳои бесару сомонӣ хеле васеъ буд, – гуфт муфаттиш.
– Намедонам, шумо чиро дар назар доред?
– Ҷиноятҳои содир намудаатонро.
– Инро аввал собит кардан лозим.
– Инаш он қадар душвор нест.
– Набошад фаҳмидан мехостам, ки гуноҳи ман чист?
– Якум гуноҳат парондани ду нафар дар Валвалак.
-Ман ҳатто намедонам, ки Валвалак дар куҷост.
-Дурӯғ нагӯ ё гумон дорӣ, ки мо аз рӯӣ ҳавою ҳавас туро ба ин ҷо даъват намудем ва то ҷое мо хабар дорем Валвалак ҷой буҷулбозии худат будааст.
-Чӣ заруряте будаст, ки ман қасд ба ҷони нафаре менамудам .
-Ба ҷони нафаре не, ба ҷони ду нафар?- сухани бандаро бурида гуфт Ташрифов.
– Чӣ? Бо онҳо суҳбат кардед?





