чӣ тавр ба наздат омаданамро нафаҳмидам. Ба фикрам, дар он лаҳзаҳо ду чиз бандаро ба сўйи хеш ово мекард: яке шарму ҳаё ва дигаре муҳаббати ту. Ман муҳаббати туро чун ҷазо ва сазои хеш қабул карда, шарму ҳаёро пеши по зада, болои сарат омадам. Ҳарчӣ ҳам гўйӣ ихтиёр турост, охир ман на ба назди каси дигар, балки ба назди худат шитофтам, то бо ҷамоли хеш лаҳзае ҳам бошад, дарди туро сабук намоям. Чун чашм кушодӣ, маро болои сарат дидӣ. Ҳарчанд рангу рўят аз шиддати дард парида буд, вале ман он табассуми туро эҳсос намудам ва дар дилам шўълае ба зиндагӣ бедор гашт…
Дар мактубат илтимос кардаӣ, ки сўзатро бикушаму ишқатро не. Он чӣ мехостӣ, дар амал дидӣ. Ба гумонам, ман сўзи туро дар ҳамин лаҳзаи бароят душвор бо як нигоҳ паст задам. Агар ишқат ҳақиқӣ бошад, бо мадади Оллоҳ таоло ман онро то ҷон дар рамақ дорам, аз хомўшшавӣ эмин хоҳам дошт…
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд, Дилбарон аз ошиқон дар ошиқӣ ошиқтаранд…
Ана ҳамин хел Сангинмуродҷон, муроди имрўзу фардои ман.
Мукотибаро ба воситаи Анора, духтари ҳамсояатон, ки дугонаи ҷонии ман аст давом медиҳем. Ман он мактуби пурсўзу гудозатро ба Анора нишон додам. Рости гап, мактубро хонду ҳуш аз сараш парид. Гуфт, ки ҳеҷ боварӣ надорам, ки Сангинмурод чунин мактуб нависад. Намедонам, чаро ў ин хел гуфт…
Аз даргоҳи Худованд ҳарчӣ тезтар шифоёбии туро таманно дорам…
Туро мебўсам.
Паризод. 26.09…





