Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 441 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 441 аз 499 · 2 ноябри 2026

Баъди таъом ва фотеҳа онҳо ба сари мақсад омада гуфтанд, ки муҳлати ҷо ба ҷокунии товони зарар ҳамин шаб соати бисту чор поён меёбад, чӣ фикр дорам?
Ба онҳо вазъияти рухдода ва аҳволи хешро фаҳмонданӣ шудам, вале ҳамаи ин баробари он буд, ки ба гӯши хар азон мегуй. Гуфтанд, ки агар то субҳ товони зарарро ҷо ба ҷо накунам, фардо хонаҳоямонро дар фурўш мемонанд…
Ҳамон шаб ман ба хона баргашта он бисту панҷ ҳазор долларро ки ба қавле бод оварда буд, бо ду дасти адаб боз ба дасти онҳо додам ва гумон доштам, ки пули боқимондаашро мебахшанд, вале ҳайҳот ин хел нашуд. Сари субҳ ҳарду меҳмони Норбоев ба хонаи мо ташриф оварданд ва сабаби ташрифи хешро нарезондаю начаконда ба падарам шарҳ дода талаб намуданд, ки дар муддати як соат аз хонаҳо бароянд.
Падарам оҳ гуфта ба замин нишаст ва баъди духтурро ҷеғ задан ва ба ў дору гузаронидан каме ба худ омад. Онҳо падару модари бармаҳал пиршуда ва ҳамсарамро аз хона бароварда пеш карданд. Аз ҷанҷолу хархаша ҳамсояҳо хабардор шуда, мисли оне, ки бо тамошои филми ҳиндӣ мешитобӣ, ба назди мо омаданд ва ба суолҳои хеш посух гирифта, ба асли воқеа сарфаҳм рафтанд.
Баъзе аз ҳамсояҳо падару модарамро, ки аз хурдӣ лаҷоми маро накашиданд ва эркатулфор намуданд, таънаю маломат намуда, баъзеи дигарашон худи маро ки падару модарамро дар дами пириашон ба чунин хорию зорӣ овардам, ҳамчун ҳадафи гапҳои дурушт қарор доданд.
Ниҳоят ауксиони хариду фурўши хонаҳои мо ки дар он маҳал чун қаср буданд, сар шуд… Албатта, касе онҳоро нахарид ва ин ғазаби соҳибони борро, ки барои товони зарар омада буданд, хеле зиёд кард. Онҳо таъкид карданд, ки агар ман дар давоми як ҳафта товони зарарро ҷо ба ҷо накунам, хонаҳоро оташ мезананд ва аз назди хонаи мо дур шуданд.
Кампири Маҳин - зани худораҳматии бобои Раҷаб он ду нафарро сагбача гуфта баҳ –баҳ кард. Ана дилу гурда, ҳатто аз он ду нафари саропо мусаллаҳ ҳам натарсид.
Ба илтимоси баъзе аз ҳамсояҳо нигоҳ накарда, падарам дигар ба хонаҳо баргаштанӣ набуд. Ў рўирост гуфт, ки модоме Сангинмурод қадри ҳам худ ва ҳам моро пеши по задаст, мо ҳуқуқи дар чунин хона зиндагӣ кардан надорем, чунки қарздорем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан