Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 438 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 438 аз 499 · 2 ноябри 2026

Мўйсафед лаҳзае истода ронандаро аз сару бар мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор додааст. Чун ронанда марди қадпаст ва кулӯлае будаст, чойхоначӣ чунин посухаш додааст:
– Имшаб кинои «Турсуқ, дар биёбон»…
Имшаб дар роҳи беохир рафта истода, ман симои Даврон, симои онеро ки шояд пашаро озор надода буд, вале забони ростгўяш ўро ба куштан дод, пеши назар овардам. Дар ду моҳ ман се нафарро ба он дунё фиристодам. Ин ду нафараш ку майлаш, онҳо чун саг мурданд ва бало ба пасашон. Барои ин ду нафар мешуд – ку чашмам ҳам намепарид, вале афсўс, ки борхалтаро ҳам ҳамроҳи худ ба қаъри Панҷ бурданд. Шояд рўҳи Даврон ба ман чунин ҷазоро раво дид, намедонам…
Аз чӣ бошад, ки ман сўзиши даст ва мондагиро ҳис намекардам, гўё пойҳоям аз худам набуданд, вале ман роҳ мерафтаму роҳ…
Ниҳоят аз қафо рўшноиеро дидам ва аз роҳ бероҳа шудам, чунки бо дасти хуншор намехостам касеро бинам. Ҳарчанд мошин наздиктар мешуд, дилам ҳамон қадар зиёдтар мезад ва худро паҳлўи харсанги лаби об гирифтам…
Автомашина аз паҳлўям гузашта рафт ва ман боз дар оғўши зулмот ба роҳ баромадам. Як фикр оромам намегузошт:
чаро ду нафар бо як дона тир ба “шикор» баромаданд. Маълум мешавад, ки касе онҳоро ба «пешвоз”– и ман фиристодааст, марги бандаро намехостааст. Пас ў кист? Онҳо дар маслиҳати байни ҳам аз кадом як тағое ёдовар шуданд. Шояд тағо ин номи рамзӣ бошад. Охир тағои онҳо чӣ тавр аз ин сафари ман огоҳ гардида бошад? Ҳамаи ин суолҳое буданд, ки ҷавоби аниқро талаб мекарданд, вале барои ҳамаи ин вақт лозим буд, то банда ба таҳлили кори хеш пардозам ва ба як хулосае биёям, вале бо чунин аҳвол ба хулосае омадан ниҳоят мушкил буд...
Ман дар он шаби зулмот чун ҳамон марди бадахшӣ дар «биёбон» ба куҷо рафтанамро намедонистам. Ниҳоят баъди позаниҳои бешумор ман ба маҳале ки Фарид мезист, ворид шудам ва бе мамониат ба тарафи хонаи нафаре, ки дишаб аз ман забонхат гирифта буд, ҳаракат кардам…
Дар пеши дарвоза расидаму дар ҷоям карахт шудам.
Қулферо дар дарвозаи ҳавлии Фарид овезон дидам, ки аз қулфи бонк ё анбор камӣ надошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан