Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 433 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 433 аз 499 · 2 ноябри 2026

Норбоев, ки аз рафти ҳамаи воқеаҳо огоҳ буд, рўзе маро ба идорааш даъват намуда, хеле суҳбат карда гуфт, ки «боло»
аз ман розист ва агар хоҳам метавонам корро давом диҳам.
– Чӣ хел кор?
– Албатта, боло туро ба ҷойи ман раис таъин карданӣ нест, вале агар қуввату қобилиятат бошад, боло туро бе кор намемонад.
– Охир, ҳамаи ин ҷавобгарӣ дорад, – гуфтам ман.
– Эй Сангинмурод, ҳеҷ аз ҳамин хомиат намондӣ, ки намондӣ,– гуфт раис. -То рўзе ки ман ҳастам, ҳеҷ кас пишакатро пишт нахоҳад гуфт. Бубин дар ҳамин як сол колхози мо қариб даҳ ҳазор гўсфандро талаф дод ва ту гумон мекунӣ, ки барои ин маро ба дор мекашанд?
– Албатта не.
– Боракаллоҳ, Сангинмурод, «война всё спишет».
– Хуш, ман чӣ кор кунам?
– Боз як бори дигар ба воситаи Валвалак ба Душанбе рафтанат лозим мешавад.
– Чун дафъаи гузашта маро пешвоз мегиранд?
– Албатта.
– Ҳиссаи ман.
– Чун пештара.
– Панҷ фоиз?
– Бале.
– Ба боло гўй, ки агар ҳиссаи ман аз даҳ фоиз кам бошад, намеравам.
– Майлаш, ман гапзанон мекунам, вале аниқ гуфта наметавонам, ки боло барои даҳ фоиз розӣ мешавад ё не.
Ва баъди як ҳафта Норбоев хабар овард, ки омодаи сафар бошам.
– Чӣ боло барои даҳ фоиз розӣ шуд?
– Бо назардошти он ки боло нисбат ба худат як эҳтироми беандоза дорад, барои ҷуброн намудани ҳаққи хизматат дар андозаи талаб намудаат ба андозаи даҳ фоиз розӣ шуд, – гуфт раис.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан