Афсўс ки шодии мо навхонадорон дер давом накард, тахминан як моҳ пас хурўҷи ҷанг ба маҳаллаҳое ки мо ба зери ҳимояаш гирифта будем, расид. Новобаста аз он ки армияи озодихоҳи мо мардуми маҳалро бовар мекунонд, ки онҳоро аз ҳама хатар эмин хоҳанд дошт, вале оташи ҷангро дида, тақдири минбаъдаи хешро ба ёд оварда, арўсҳои нозанинро ба ҳоли худ гузошта, қафонишинӣ намудем…
Баъдтар “разведка” – и мо хабар овард, ки Норбоев ва ҳаммаслаконаш шабу рўз дар хизмати армияи ҳукуматианд.
Норбоев дар муддати на чандон тўлонӣ тавонистааст, ки баъзе аз духтарони маҳалиро ба хотири мустаҳкам намудани хешутаборӣ ба садрнишинони армияи ҳукуматӣ диҳад. Ва дар маҳале, ки Норбоев хўҷаин буд, қариб ки дигар духтари бе шавҳар намонд ва албатта, дар ин кор саҳми Норбоевро қайд накардан беинсофӣ мебуд.
Чун байни армияи ҳукуматӣ ва мардуми маҳалӣ муносибатҳои хешутаборӣ баргузор гардид, вазъият анча беҳтар гашт. Акнун мардум дигар дар муҳосира набуда, балки бо маркази ҷумҳурӣ рафтуомадро ташкил карданд. Ба воситаи нақлиёти боркаши низомиён мардум ба шаҳр рафта, барои зиндагиашон каму беши рўзгорро меоварданд. Қисме аз мардуми таҳҷойӣ дар армияи ҳукуматӣ ба кор даромада, зиндагии хешро осуда намуданд.
Ҳарчанд мо гуреза шуда, қафонишинӣ карда будем, вале бой додан намехостем ва маҳалаҳое, ки бе ягон муқовимат дохил мешудем, дар зери тасарруфи хеш эълон мекардем ва онҳоеро ки ҳанўз имконияти зангирӣ наёфта буданд, хонадор намуда, ба зиндагӣ дилгармашон месохтем ва ба ҳуҷуми “генералӣ” тайёрӣ медидем. Ҳар рўз тайёраҳо болои сарамон тоб хўрда, бомбаю снаряд мепартофтанд, вале ба ҷуз мардуми таҳҷоӣ касе аз мо осебе намедид.
“Дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад,” – гуфтани мардумро ман ҳангоми дар сангар нишастанам пурра дарк кардам. Маълум шуд, ки дар байни армияи ҳукуматӣ ҳам нафароне буданд, ки маводи мухаддирро чун ҳайкалчаи «Будо» парастиш мекарданд ва барои ҳамин бо мо алоқа барқарор мехостанд.





