Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 420 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 420 аз 499 · 2 ноябри 2026

– Не, – гуфтам ман қатъӣ, ба капитан дар ин бора ман даҳон намекушоям, метавонӣ осуда бошӣ ва фаромўш накун, ки аз роҳи Валвалак рафтан баробари он аст, ки…
– Чаро хомўш шудӣ?
– Ин баробари аз пули Сирот гузаштан аст.
– Ба фикрам, капитан ҳам дар ин бора медонад, вагарна ба гумон буд, ки ў моро имрўз ин хел зиёфати бодабдаба диҳад, дар мумсикӣ ў аз Қорӣ Ишкамба монданӣ надорад, – гуфт Қосимҷон.
– Ана барои ҳамин ту ҳамин ҷо ист, – гуфтам ба ў ва худ ба кўҳ баромадам. Тахминан баъди ду соат бо азобе лингчаро гирифта, поён фаромадам. Қосимҷон паси харсанги калоне маро интизорӣ дошт. Азбаски рўз торик шуда буд, ў гулў равшан кард ва ман дар куҷо буданашро пай бурдам. Худам чунон монда шуда будам, ки маҷоли ҳаракат он тараф истад, маҷоли гапзанӣ надоштам. Ниҳоят Қосимҷон линчаро пушт кард ва ман аз қафояш ба роҳ даромадем. Вақте ки ба назди автомашина омадем, дар он ҷо касе набуд. Танҳо баъди бист дақиқа Вадуд аз камингоҳи назоратиаш берун омад ва чӣ хел дар паҳлуямон пайдо шуд, худамон ҳам нафаҳмидем. Мо ҳамоно ба автомашина нишаста, аз он маҳал бадар рафтем…
Ниҳоят баъди чанд километр роҳ паймудан Вадуд амр кард, ки Қосимҷон автомашинаро боз дорад. Ронанда амри сарварашро иҷро кард ва Вадуд сумкаашро кушода, формаи нави хешро ки унвони полковник дошт ба бар кард. Қосимҷон соҳиби рутбаи капитан шуд.
– Акнун дастатро деҳ!
Ман ҳеҷ мақсади ўро пай набурдам ва дасти ростамро ба тарафи ў дароз кардам ва лаҳзае нагузашта, ҳалқачаи оҳание ба дастам тоб хўрд ва тарафи дигари ҳалқа ба дастқапаки болои дар тоб хўрд…
– Маслиҳат ин хел набуд– ку?– эътироз намудам ман.
– Баъд ҳамаашро мефаҳмӣ, – гуфт полковник ва амри ҳаракат дод. Дар роҳ чунон дидбонгоҳҳо бисёр буданд, ки шумораашонро ҳам фаромўш кардам. Чун моро манъ мекарданд, ронанда аз ҷой намеҷунбид ва корманди БДА дилу бедилон ба назди автомашина омада, полковникро медид ва ба камина, ки бо дасти занҷирбанд маҳзун ба тарафаш менигаристам нигоҳ карда, даст ба чакка мебурд ва ба полковник роҳи сафед орзу мекард.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан