– Мафия ин ташкилотест, ки гурўҳҳои роҳбарикунандаро ба мақсади ғорат намудани хазинаи давлат ба манфаити шахсӣ ба роҳи ба чашми мардум хок пошидан муттаҳид месозад.
– Чаро гурўҳҳои роҳбарикунандаро?
– Чунки дигар ҳеҷ гурўҳҳо ба муқобили органҳои ҳифзи ҳуқуқ истодагарӣ карда наметавонад ва шикасти чунин гурўҳҳо ногузир аст.
Аз суханронии раис ман худам ҳам ҳайрон шуда автоматро дар паҳлуям гузоштам. Ў каме ҳам бошад осуда шуд ва нақлашро давом дод:
– Ана ҳамин мафия маро ба сари курсии мансаб овард ва ба қавле дасту поямро бе занҷир баст. Аслан оне, ки ба мафия дохил мешавад, давоми зиндагиаш ба худаш вобаста нест.
Ҳарчанд ҷонро парвардигор додааст, вале мафия қудрати онро гирифтан дорад. Ҳамон мўйсафеди «дўст»– и банда аъзои мафияи ноҳиявист ва дар ҳама ҷо гапаш мегузарад.
– Чӣ хел гапаш мегузарад, ки милисаҳо дар роҳи ман камингоҳ монда, маро дастгир намуданд.
– Ту гумон дорӣ, ки дунё дар дасти бевиҷдонҳост. Не, он ду милиса дар ҳақиқат аз рўйи виҷдон кор карданд ва тайи ду
–се рўзи аввале, ки ту дар камера будӣ, шербачаҳои Мирбек писарони ҳардуяшонро дуздида, ултиматиуми хешро пешниҳод карданд ва ба замми ин боз сардори милисаю прокурорро низ розӣ кунондан лозим шуд ва дар охир ҳамон даҳ граммро ба гардани ту бор карданд.
– Бе ин намешуд?
– Гуфтам– ку, агар қонунӣ кор мекарданд, ҳамаи мо ҳамчун ҷинояткорони муташаккил ба ҳабсхона мерафтем, вале аз ин магар ба нозирони тартибот фоидае буд, албатта, не.
Онҳо тайи ду – се рўз ҳар кадомашон маоши панҷсолаашонро ёфтанд. Магар ин зарар аст? Охир курсии мансабро ҳам бархе аз чунин ашхос мехаранд ва бояд он пули сарф намудаашонро аз нав ҷо ба ҷо намоянд. Оё нашунидаӣ, ки мегўянд: «Як деҳу даҳ гир». Ин суханонро ман не, балки халқ гуфтааст ва халқ ин қудрати бузургест ва дар байни халқ одамони пок ҳам ҳастанд.
Ана Сангинмурод, ҳамин ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмии гурўҳҳои роҳбарикунандаро ба забони одӣ мафия мегўянд.
– Ба фикрам, аз мафияи Ситсиля ҳам гузаронидед– ку?





