Ҳарчанд он чун Волга ё Дон бузург нест, вале ба худ шаҳомати хосе дорад ва барои ман аз ҳама дарёҳои бузург бузургтар аст, чунки ў аз дили хоки диёри ман ҷорист ва меҳраш ҳамеша дар қалби ман аст…
Мо аз болои хонаҳои гилин, ки дар самти ҳаракати ҳавопаймо сохта шуда буданд, гузаштем ва лаҳзае пас такони сабукеро ҳис намудем. Ниҳоят ҳавопаймо истод. Садои форами мусиқии тоҷикӣ дар дохили тайёра танинандоз гашт.
Стюардесса бори дигар ҳамаро ба пойтахти тоҷикон-шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфт…
Ҳавопаймо оҳиста-оҳиста ба ҷойи муайянкардааш ҳаракат дошт. Дар зери садои мусиқӣ аз нав як қисми ҳалқачаи забарҷад ба дасти ман тоб хўрд…
...4...
Тахминан соате пас васиёнам бандаро ба дасти кормандони ИВС супорида, баромада рафтанд…
Сержанти милиса бо супориши майори лоғарандом, ки вазифаи навбатдори ШКД – ро ба уҳда дошт, баъди тафтиши аниқи либосҳоям фармуд, ки тасма ва бандҳои туфлиямро кушоям. Чун супориши ўро ман ба ҷо овардам, маро ба камера бурданд. Дари оҳанин баъди лаҳзае пўшида шуд ва ман боз дохили ҳамин хел камерае шудам, ки ба шарофати маводи мухаддири Норбоев гашта будам. Азбаски рўз бегоҳ мешуд, ман ба хулосае омадам, ки то субҳи фардо касе пишакамро пишт нахоҳад гуфт. Бинобар ин, ба курсии дар фарш маҳкамкардашуда нишаста, давоми саргузашти худро чун лентаи кино пеши назар овардам…
Аз чӣ бошад, ки аз ҳама пеш ман Норбоевро ба ёд овардам, гумон мекардам, ки ў аллакай дар ҳабсхона аст. Ва барои чунин фикр асос ҳам доштам…
Ў ҳамеша чун соя маро дунболагир буд. Баъди супоридан «туҳфаҳо» вақте аз назди Акрам-полвон баромадам, вайро дуртар аз штаб дидам, ки наздам омад ва гуфт:
– Сангинмурод, бубахш.
– Чиро?
– Ҳар он чӣ буд. Рости гап ман намедонистам, ки Мирбек (дўсти харпарасташ) ба чунин пастфитратӣ даст задааст.





