Худи ҳамон шабу рўз дигар бачаҳо ҳам аттестат мегирифтанд. Насимов муаллимеро ҷеғ зада фармуд, ки аттестати маро нависад. Баъдтар ман фаҳмидам, ки он муаллим додарарўси директор будааст…
Ман гуфтам, ки охир ду сол дар аскарӣ будам ва кӣ бовар мекунад, ки ман дар як вақт ҳам хизмат ва ҳам мактабро тамом кардам. Директор гуфт, ки “чӣ гумон дорӣ дар ин ҷо бекаллаҳо кор мекунанд” ва аз амаки раисаш хоҳиш кард, ки ҳамон латифаи бюрои сиёсиро ба ман нақл кунад.
Котиба рухсат пурсида, чойники чойро оварда пеши ман гузошт ва ман ба пиёла чой рехта, назди раисбобо гузоштам. Ў як қулт чой нўшида, риштаи суханро ба даст гирифт:
Боре Л.И.Брежнев космонавтҳоро ба наздаш хонда гуфт:
- Бачаҳо, ҳарчи тезтар мо бояд Офтобро фатҳ намоем, набошад америкоиҳо пешдастӣ карда, ин корро анҷом медиҳанд ва ин як шармандагие барои сотсиализм мешавад.
– Шумо Леонид Ильич, талаботеро пеш гузоштаниед, ки иҷрои он ғайри имкон аст,-гуфт Королёв.
– Барои иҷрои мақсаду мароми социализм чизе садди роҳ шуда наметавонад, фаҳмо!
– Охир ҳарорати он ҷо аз миллион дараҷа болост ва мо ҳама сӯхта хокистар мешавем,- луқма партофт кадоме аз космонавтҳо..
– Шумо чӣ гумон доред, рафиқ…
– Леонов,- худро муаррифӣ намуд космонавт.
– Да,товарищ Леонов, думаете в Политбюро одни дураки сидять и направляют вас на верную гибель. Мы всё придумали, обсудили, этот вопрос и решили что вы полетите ночью…
Чандин сол баъдтар ман фаҳмидам, ки торҳои танидаи Норбоев ва Насимовҳо чун донаҳои худи нор беҳисобанд ва маҳз аз касофати онҳо мардум дигар ҷойи нишаст намеёбанд…
– Ана, раисбобо, супоришатон иҷро шуд,– гуфт директор ва ба дасти амакбачааш аттестатро супориданӣ шуд.
– Не, ба дасти худи Сангинмурод диҳед,– гуфт раис ва Насимов ба қавле дар вазъияти тантанавӣ роҳхати минбаъдаи ҳаётро ба дасти ман дод…





