Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 386 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 386 аз 499 · 2 ноябри 2026

Сурхаков ҳатто ба тарафи милисаҳо дод зад, ки чаро ин ҷавонро беасос мебаред? Баъди муоинаи тиббӣ маро масти аз дараҷаи миёна боло донистанд. Бо чунин дараҷаи мастӣ маро ба ҷуз дар ҳушёрхона хобонидан чорае набуд. Ман ҳарчанд эътироз кардам, касе ба гапам гўш надод ва барои ҷанҷолҳоям маро буиный (ҷанҷолли, дағал) эълон карда, дасту поямро дар кат бастанд ва ҳатто расмамро ҳам гирифтанд. Субҳи фардо барои меҳмондории шабона сардори ШКД ба мабалғи 20 рубл маро ҷарима намуд ва ба ҷойи корам барқияи якқулочаеро ҳамроҳи расмам фиристоданд. Нозири минтақавӣ Норов маро дар пеши милиса дида, сабаби ба кор нарафтанамро пурсид ва чун фаҳмид, ки шабро ман дар ҳушёрхона гузаронидаам, “ҳайфи ту барин ҷавонмард” гуфт.
Рости гап, аз ин суханонро шунидана замин маро фурў мебурд, хубтар буд, вале дар он лаҳзаҳо замин ҳам аз ман барин бандаҳои гумроҳ безор буд. Инаш ҳам дарди ба хайр буд. Чун рўзи дигараш ба кор омадам, расми худро дар доскаи «фахрӣ», ки «Доғҳои коллектив» ном дошт дида, ҳуш аз сарам парид.
Аз дур Сурхакови калониро дидам, ки ҳамроҳи чанд нафаре аз бинои маъмурии завод баромада, ба тарафи ман меомад.
Хостам ба наздаш рафта, аз саргузашти талхи худ чанд сухан гўям, вале ў ҳатто саломамро ҳам алек нагирифта, гузашта рафт.
– Дидед, бачаҳо, ин тирмизаки таърифиашонро,– гуфт ў ба ҳамроҳонаш.
Хостам рафта аз гиребонаш гирифта, адабашро диҳам, вале дар ҳамин вақт сардори сех аз куҷое баромаду маро ба утоқи кориаш даъват кард…
Умуман, ин нўшидан боиси муҳокимарониҳои зиёде гашт ва коллектив мехост, ки ман ҳамқадаҳамро ошкор созам, вале ғурурам баландӣ карду ҳамаро ба гардани худ гирифтам. Ман, ки он солҳо ниҳоят ҷавон будам, ҳатто наандешидам, ки чаро милиса барои панҷоҳ грамм маро ба ҳушёрхона бурду оне ки чорсаду панҷоҳ грамми боқимондаи шишаро нўшид ва ҳатто қариб бо милисаҳо даст ба гиребон шуда буд, бе ҷазо монд…
Инро ман беадолатӣ ҳисоб кардам, вале он шабу рўз фикри ман ба кӣ ҳам лозим буд. Танҳо баъди оне ки аз завод рафтам, фаҳмидам, ки ҳамон милисае, ки маро ба ҳушёрхона бурда буд, домоди Сурхаков будааст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан