Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 384 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 384 аз 499 · 2 ноябри 2026

… 2 …

Аз хурдӣ бачаи шўх ва мактабгурезе будам. Муаллимон маро баъзан ландаҳур ҳам мегуфтанд. Ҳарчанд ин номи зебое нест, вале ба худам маъқул буд. Натанҳо ҳамсинфони худам, балки ду синф боло ҳам бачагонашон аз ман метарсиданд. Аз баъзе муаллимон дида, талабаҳо аз ман бештар метарсиданд, ки ин рўҳу илҳоми маро дар мактабгурезӣ бештар мекард. Чун ҳама аз дасти ман ба дод омаданд, шўрои педагогии мактаб кафши маро баъди анҷоми синфи ҳашт пеши поям гузошт. Он шаб падарам то рўз дар гўшам лолоӣ хонд. То ҳанўз суханони худораҳматӣ, ки аз дасти ман ба касалии сактаи дил гирифтор шуда, олами ҳастиро се сол пеш падруд гуфт, дар гўшам садо медиҳанд:

Ҳар кӣ нагирифт панди падар,
Сазои сараш аз ин бадтар…

ва шояд ҳамин дуои мўйсафеди падарам мустаҷоб шудаву бандаро ба чунин ҳолу аҳвол гирифтор намуда буд. Албатта, дар хона нишаста лолойи падарро гўш кардан бароям хуш набуд ва ба васвасаи шайтон дода шуда, асои чўпониро ба даст гирифтам. Тирамоҳ ҳангоми аз мавзеи зимистона бурдани рама падарамро бовар кунонида, ҳамаи бузу гўсфандонашро, ки аз бист сар зиёд буданд, пешандоз карда, ҳамроҳи рамаи хоҷагӣ бурдам.
Бурданро бурдаму…
Ҳар дафъа дар навбати ман як ё ду гўсфанд гум мешуд.
Гум мешуд ё не, ман худам ҳам намедонам, чунки онҳоро сарчўпон мешумурд ва ҳисоботи камомадро ба мудир мегуфт.
Сипас мудир омада, ҷойи камомадро аз ҳисоби молҳои хоҷагии падарам баробар мекард. Ниҳоят сармояи падарам ҳам тамом шуду мудир маро аз кор пеш кард. Ман дигар бозгашти рамаро ба деҳа интизор нашуда, асоро ҳамон ҷо партофта, ба шаҳр рафтам.
Хайрият дунё бе одамони нек нест ва пас аз муддате дар шаҳр ялоқ – ялоқ гаштанам, милисае маро дар қади кўча дида, баъди шунидани саргузашти ғамангезам дилаш ба ман сўхт ва маро ба заводи хишти шаҳри Душанбе бурда ба кор монд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан