МАФИЯ
Қисса
Кас миёни нокасон нокас шавад
15 Фитраташ дар шўъла бошад хас шавад!
ТУ–154 суръаташро дар роҳи қирпўши Пулково16 баландтар намуда, биноҳои маъмурии фурудгоҳро ба қафо гузошта, аз замин бархест. Дар зери парҳои он халиҷи Фин мавҷ мезад. Тайёра бо тамоми қувва боло мебаромад. Ман аз иллюминатор ҳамоно ба замин менигаристам, вале дигар нишонаеро дар баҳр надидам. Оби баҳр ҳам ба назарам чун осмон софу беғубор намуд. Вале ин зебогии табиатро ман дарк намекардам. Тайёра ҳамоно бо тамоми қувва бо курси на камтар аз 60 дараҷа боло мебаромад. Мўйсафеде, ки дар паҳлуи васии ман нишаста буд, зери лаб аз сураеро аз “Қуръони Маҷид” қироат мекард, то Худои таъоло ба мо парвози бехатар насиб кунад. Нохост тайёра дакка хўрду дили ман шуввӣ кард ва зуд боз ба тарафи иллюминатор чашм дўхтам. Ҳавопаймо пардаи ғафси абрро, ки болои шаҳри соҳили Неваро пўшонида буд, дарида ба осмони нилфом баромада, рост шуд. Чароғакҳои огоҳкунанда, ки аз лаҳзаи аввали парвоз фурўзон буданд, хомўш шуда, овози тайёра муътадил гашт.
– Писарам, ҷоямонро иваз кунем-чӣ? – ба сўйи ман нигариста гуфт мўйсафед, вале васиям пешдастӣ карда гуфт, ки имконияташ нест.
– Чаро?
– Чунки дар чиптааш ҳамин ҷойро барои ў ҷудо кардаанд.
– Чаро ба ҷойи ў шумо ҷавоб медиҳед,– шўрида рафт мўйсафед.
Васии ман андаке остини дасти ростамро бардошт ва мўйсафед дид, ки дасти ростам ба курсии пеш бо завлонаи ялаққосие маҳкам карда шудааст.
– Ин кас кӣ?
– Киллер.
15 Шеър аз М. Иқбол.
16 Пулково – фурудгоҳи шаҳри Санкт – Петербург.





