Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 360 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 360 аз 499 · 2 ноябри 2026

Дар асл ман танҳо он лаҳзаеро интизор будам, ки нигоҳи меҳмон ба нигоҳам бархӯрад ва баъди интизории на чандон тўлонӣ чунин ҳолат ҳам рух дод. Чун нигоҳи Саид бо нигоҳи ман бархӯрд, ман бо табассуме ба сўяш чашмак задам. Ў ҳамоно нигоҳашро аз нигоҳи ман гурезонд ва муддате пас боз ба сўям нигарист. Чун ман интизори ҳамин ҳолат будам, дубора он амали хешро такрор намуда барои овардани чойи гарм ба ошхона рафтам, вале Саид корро баҳона карда, рухсати рафтан пурсид. Ману Муҳиб ўро гусел намудем. Чун ман аз пушти аробачаи Муҳиб будам, ҳангоми хайрухуш нигоҳи ўро дарёфта, боз ҳамон амаламро такрор намудам ва ба қавле дар дили сарду бепарвои марди бегона, ки ду умри худамро ёд медод, пайкони муҳаббатро ҷо намудам...
-Мо шуморо гўш карда истодаем, - ба андеша фурў рафтани боздоштшударо дида овоз рӯшан намуд муфаттиш.
-Субҳи рўзи дигар, ҳангоме ки ман барои овардани нон ба дӯкони нонфурўшӣ мерафтам, тасодуфан Саидро дидам.
Сараввал гуфт, ки бо коре ба ҳамин самт омадааст, вале баъдтар иқрор шуд, ки элак баҳонаю дидор ғанимат гуфта омадааст. Дар интиҳо ў қувваеро дар замири хеш гирд овардаю аз ҳамон ишораҳои дирўзаи ман пурсон шуд.
-Хеле хуш аст, ки фаҳмидӣ ва агар ман худам пешдастӣ намекардам, ба гумон буд, ки ту ин субҳ бо баҳонае ба дидорбиниам меомадӣ, - хандида гуфтам ман.
-Бе муҳобот ба далерии худат қоил шудам, - иқрор шуд Саид.
-Модагургҳо ҳамеша далеранд ва дар талоши ҳаёт ҳамеша дар набард. Бо ҳама чусту чолокиаш модагург боз ба наринаи далер ниёз дорад то ҳифзи оиларо бо ёрии якдигар таъмин намоянд, - гўён ман оҳи сардеро аз дили пурдард берун овардам.
-Ба ту чӣ шуд? - авзои парешони бандаро дида пурсид нафаре, ки элакро баҳона намуда, ба дидорбиниам омада буд.
-Зиндагии якранг ба ҷонам задааст.
-Доимо яксон намонад, ҳоли даврон ғам махўр, - гуфт Саид.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан