-Хайр гуфтанду гуфтанд, магар ҳамин ҳолат ҳам метавонад боиси ташвишу изтироби нафаре гардад, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят мижааш хам нахӯрдааст.
-Чӣ тавр метавон ба хуни нафаре, ки аз бадбахтии даҳҳо нафар манфиат ҷустааст, афсӯс хӯрд? Чунин ҳолат набояд боиси нигаронӣ шавад, вале банда аз он дар шигифт шудам, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз ин ҳодиса аз ҳамсояамон дар як қуттии гӯгирд чанд дона занбӯрро бо баҳонаи табобати дарди миёну чорбанд (радикулит) гирифта будам ва дар ҳамон лаҳзаи боронӣ ҳамсараш маро дар ҳамон гузаргоҳе дид, ки зикрашро дар телевизион намуда буданд. Рафту агар ҳамсоя ҳамон шаб “оинаи нилгун” - ро тамошо мекард, албатта, аз ман гумонбар мешуд ва чун дар ин бора ба шавҳараш ҳарф мезад, яқин эшон ҳам ба хонумаш мегуфт, ки ман барои табобати радикулит аз вай занбўр гирифта будам. Ҳамин ҳолатҳо сабаб шуданду ман Саидро ба ёд овардам.
-Вай бошад бе ягон истиҳола ба шумо ёрӣ дод, ҳамин хел?
-Не, дар аввал ў ба ин кор розӣ нашуд, гуфт, ки дар шаҳр беш аз як миллион нафар одамон зиндагӣ мекунанд ва ёфтани зане бо чунин нишонаҳо баробари ҷустани сўзан дар байни тўдаи коҳ аст. Сипас, ман ба вай ҳамон ҳолатеро нақл кардам, ки лаҳзае пеш ба шумо гуфтам. Ашки дар чашмонам ҳалқа зада ба бари рухсорам ҷорӣ шуд... Саид нигоҳи мушаввашу маҳзун ва илтиҷоомези бандаро дида, дигар пофишорӣ накард. Чун дар ҳамон лаҳзаҳо мо дар рў ба рўйи меҳмонхонаи “Пойтахт” қарор доштем, ба самти муқобили роҳ гузашта, ба ҷойи ҳодиса рафтем. Дар назди ҳамон гузаргоҳ лаҳзае таваққуф намудем ва ман ба вай муҳити ҳамонлаҳзаинаро, ки акнун мавриди таваҷҷуҳи умум гардида буд, баён намудам. Гуфтам, ки он рўз ниҳоят борони сахт меборид ва роҳгузарон қариб имкони ба самти автомашинаи дар байни роҳ монда, ки ман аз дохилаш баромадам, нигоҳ кардан надоштанд. Ба вай гуфтам агар дар он лаҳзаҳо нафаре ҳам маро дида бошад танҳо аз пуштам дидааст. Пас агар чунин аст, нафари маро аз пуштам дида дар он лаҳзаҳо дар истгоҳ будааст. Ба Саид фаҳмондам, ки ҳамсоя маро дар куҷо дид ва агар борон намешуд, эҳтимол аз автомашина баромаданамро ҳам медид. Ҳангоми таваққуфи навбатӣ автомашинаҳо дар пеши гузаргоҳ ман дар як мижа задан ба ҳамон ҷое рафтам, ки дар он рўзи боронӣ аз автомашинаи хориҷӣ баромада будам ва ҳамон лаҳза аз он ҷо пас гаштам.





