Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 353 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 353 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Дигар ў чӣ ҳам мекард, модоме, ки волидайнаш дари хонаи умедро чун дари биҳишт ба рўйи фарзанди осиашон бастанд. Аз эҳтимол дур нест, ки майнааш ҳам хароб нашуда бошад, - андешаҳои хешро баён намуд Шукрихудои Шариф.
-Ман ба хона меравам, бо Воҳид Камол ин бегоҳ худатон ҳисобу китобро баробар намоед, - гўён муфаттиш аз ҷой бархест ва мо ўро то пеши дар гусел намудем...

...22...
Чашмони фаттону ҷаззоби ҷавонзан хеле маҳзун ба назар мерасид, ў ҳатто кӯшиш ба харҷ медод, то нигоҳаш бо нигоҳи ҳамсуҳбати дар рў ба рўяш нишаста барнахӯрад. Ин даъфа садояш низ хеле ҳазин ба гўш мерасид. Танҳо як шаби дар ИВС будан накҳати озодиро аз машомаш рабудаю болои ҳама умедҳои ояндааш ғубореро чун ғубори ба рўйи тифли бо амри тақдир аз волидайнаш маҳрумгардида, ки мардумон ба ҷой номи падар калимаи сағираро барояш муносиб донистанд, чун хокистари сӯзон афтида. Ҳарчанд рухсораҳои арғувонии ҷавонзан чун кулчаи ширмоли нав аз танўр берун оварда ҳанўз таровату назокати хешро гум накарда буданд, вале чашмони коҳидаю нигоҳи маҳзунаш чангу ғубори ба само бархостаро, ки тобиши нурҳои Офтоби оламтобро хира месозад, ба ёд меовард...
Ба вазъи кунунии хеш нигоҳ накарда, Фотима Амон баҳри аз варта берун шудан чун нафари ғарқшудаистодае, ки дар талоши ҳаёт охирин қувваи хешро сарф мекунад, хеле дастак зад, вале тақдир ин дафъа низ ба рўяш нахандид ва ў дигарбора дарвозаи бахтро чун дарвозаи хонаи падар ба рўяш баста дид. Ҷавонзан шояд гумон дошт, нафари ба дифояш дасту остин барзада дасташ хоҳад гирифт, вале чунин нашуд, чунки он факту далелҳоеро, ки муфаттиши прокуратура пешорўяш гузошт, бо табар ҳам буриданашон ғайриимкон буд.
-Мехостам охирин бор боз бароятон имкон диҳам, то шумо ному насаби шоҳидеро, ки ба ин амал ҷалб намудед, ба забон биёред. Ҳамзамон мегуфтед, ки шиносоии шумо дар кадом поя қарор дорад ва ба кадом хотир ў пешниҳоди шуморо барои шоҳиди қалбакӣ шудан пазируфт?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан