-“Ё тавба, ҳеҷ нафаҳмидам, марги онҳо ба кӣ лозим будааст?”
-Ана барои ҳамин шуморо ба ин ҷо даъват намудем.
-Гумон доред, ки ман қотилро мешиносам...
-Магар ҳамин овози шумо нест?
-Ҳа, овози ман.
-Пас чаро суханони хешро ба душ намегиред?
-Ман қасам мехӯрам, ки қотилро намешиносам.
-Ин чандон муҳим нест.
-Пас чӣ муҳим аст? - Модоме ки бандаро ба ин ҷо даъват намудаед ва чӣ лозим ин ҳама мушу гурбабозӣ? - қариб инони ихтиёр аз даст дода гуфт нафаре, ки ба хотири муҳаббат шуда умрбод дари хонаи падарро ба рўяш баста буд.
Аз чӣ бошад ман беихтиёр суханони Воҳид Камол “Саид Забир чормағзи сахт аст, вале Фотима Амон баръакси ўст” - ро дубора ба ёд овардам.
-Худро ба даст бигиред, ҳоло мо каломеро дар бораи гунаҳкор будани шумо ба забон наовардаем, - мусоҳибашро ором карданӣ шуда гуфт Нӯшини Азиз.
-Чӣ хел худро ба даст гирам, модоме ки аз забони шумо танҳо каломи “инаш чандон муҳим нест”,”шуморо ку намедонам, вале вай шуморо нағз мешиносад” берун меояд ё бандаро сиёҳ дида, гов хаёл намудед, - гўён ҷавонзан чашмони фаттони хешро дар ҳалқаи об монд. Ҳатто қатраҳои ашки дар бари рухсораш ҷаршуда заррае аз таровати ҳуснашро кам накард.
-Агар дар ёд дошта бошед, дар миёнаҳои моҳи апрел дар болои шаҳр як борони сел рехт бороне, ки мислашро тайи солҳои охир касе дар ёд надошт, - ба тарафи ҷавонзани об дар бари рухсораш шоридаистода нигариста гуфт муфаттиш.
-Дар ёд дорам чӣ буд?
-Мо донистан мехоҳем, ки шумо дар ҳамон лаҳзаҳо дар куҷо будед?
-Худ тасаввур намоед, занеро, ки кўдаки ширхора ва шавҳари дар аробачаи маъюбӣ ба ёрии доимӣ эҳтиёҷдошта дорад, дар рўзи боронӣ дар куҷо мешавад? Дар хона будам.
Аз ташвишҳои рўзгор он рўз хеле монда шуда будам ва баъди анҷоми корҳои хона каме ғанабам бурда, вале аз садои ба шишаи тиреза бархӯрдани борон бедор шудам.





