Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 333 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 333 аз 499 · 2 ноябри 2026

-Вазифаи ҷонӣ, вазифаи ҷонӣ, - қариб бо овози нимшунаво гуфт Шукрихудои Шариф.
-Магар ин вазифаи ҷонии мо нест?

  • Шумо ҳам, рафиқ майор, ба вазифаи ҷониатон чун занбӯри асал ба ширинӣ часпидед, вале бояд гўям, ки вазифа ҷонӣ шуда наметавонад, чунки он мероси падар нест, имрўз ин курсӣ моли ману шумост, вале фардо намедонем, ки он насиби кист. Ҳамааш косаи давр, ҳамааш муваққатӣ...
    -Беҳуда дўстонро оинаи якдигар нагуфта ва шогирди банда низ чун дўст он чиро гуфт, ки бояд мегуфт ва Имом Шамил низ гуфта: “Агар ту ба гузашта аз таппонча тир андозӣ, оянда ба ту аз тўп тир хоҳад зад,” ё кулӯхандозро подош санг аст. Дирўз айнан дар ҳамин вақту соат ман дар дафтари кории Воҳид Камол сари як каломи гуфтаи эшон “шукрона бояд” ... андешаҳоямро болои саманди вақт гузошта, дар атрофи хушгўиҳои бобои Шомалах давр задам ва имрўз беихтиёр каломи “вазифаи ҷонӣ” аз забонам бурун омад ва ҳамин калима шояд бандаро чун дўстдори курсию мансаб дар чашми шогирд муаррифӣ намуд. Дуруст аст, ки дар дунё инсони неки мутлақ нест ва агар чунин аст дар бораи инсони бад ҳам ҳаминро гуфтаниам. Новобаста аз курсию мансаб ҳама инсонҳоро чи дар сухан ва чи дар амал камбудие ҳаст ва муҳим он аст, ки баҳри аз байн бардоштани он камбудӣ кўшиш ба харҷ диҳед. Шогирд бо ҳамин як сухан бандаро чун мусофир дар перон танҳо гузошт, танҳо чун ҳамон мусофире, ки як дақиқа аз қатора дер монд ва қатора рафт ва мусофир бо нигоҳи маҳзунаш қатораи аз перон дуршудаистодаро дунболагир буд...
    -Бубахшед, - гуфтани шогирд бандаро аз гирдоби андешаҳо берун овард.
    -Бахшиш ба кадом хотир?
    -Шояд, ман шуморо ранҷонидам, дурусттараш он ки банда бе ягон андеша каломеро ба забон овардам.
    -Дар асл мо ҳам чун занбӯрем. Агар дуюмӣ майл ба ширинӣ дошта бошад, майли мо ҳамеша ба шахсиятҳоест, ки бархилофи қоидаҳои умумибашарӣ қадам ниҳода, сабабгори нооромӣ дар ҷомеа шудаанд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан