Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 322 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 322 аз 499 · 2 ноябри 2026

...16...
Маҷлис хеле тӯл кашид. Воҳид Камол - ҳамон марде, ки дар сабру таҳаммул ҳамто надошт, ин дафъа сабру тоқати хеш аз даст дода буд ва боз бадии кор дар он буд, ки ў изтироби хешро низ нигоҳ дошта натавонист. Дар интиҳо ў маҷлисро ҷамъбаст намуда, ба ҳозирин шаби хуш орзу намуд. Ман ҳам дар қатори дигарон аз ҷой бархоста ба сўйи дар ҳаракат намудам, ки ў гулӯ рӯшан намуда гуфт:

  • Акбар Ҳакимович, шумо истед!
    Чун ҳамкорон дарро аз самти муқобил пӯшиданд, ман чанд қадаме ба қафо ниҳода, ба курсие нишаста, гўш ба қимор шудам, то бифаҳмам, ки эшонро боз чӣ фикре ба сар омада.
    Воҳид Камол байни ангуштонаш қаламеро чун акробатҳои сирк бозӣ доронда, маро ба гўшаи фаромўшӣ дод. Ниҳоят ин дафъа ман худам сабру таҳаммулро аз даст дода, сабаби тағофули хешро дар асоси амри эшон пурсон шудам.
    -Дар зиндагӣ баъзан ҳолатҳое пешорўи инсон меояд, ки онро бе кумак ва маслиҳати нафари дигар ҳаллу фасл намудан ғайри имкон аст, ё чӣ хеле мегӯянд, ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд.
    -Ман, ки худ дар зиндагӣ ҳамеша ба маслиҳати дигарон ниёз дорам, чӣ тавр метавонам ба шумо ёрӣ диҳам? Агар чунин аст, беҳтар мешуд, ки аз нафарони дар сатҳи худатон буда маслиҳат мепурсидед.
    -Ин ҷо гап дар бораи ман ё зиндагиномаам намеравад, балки сухан дар атрофи нафаре меравад, ки ба қавле замоне фазои идораи хешро ғуборолуд намуда ва имрўз чангу ғубори соҳилҳои хушкидаи баҳри Арал ё биёбони Саҳараро болои идораи мо паҳн намудааст.
    -Агар манзуратон Намоз Хаёл бошад, мо дар атрофи эшон кор бурда истодаем.
    -Гумон доред, ки ў гунаҳкор аст?
    -Ҳоло чизе гуфта наметавонам.
    -Имрўз касе тариқи телефони боварӣ ба худи вазир хабар додааст, ки замоне Намоз Хаёл ҳамчун ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД ноҳияи Сароб кору фаъолият доштааст, дар боздоштгоҳи муваққатии милиса кадом як араби ба ҷиҳод омада аз заҳролудшавии ба ҳалокат расида.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан