Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Саҳифаи 314 аз 499 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 314 аз 499 · 2 ноябри 2026

Рафту агар чунин мешуд, ҳавои софу беғубори рўзҳои баъди ҳодиса дар муқобили инҷиқиҳои онрўзаи табиат қомат рост намудаву ба манфиати тафтишот хизмат карда метавонист.
Чӣ тазоде.
Замоне борон чун мӯъҷизаи табиат баҳри дар соя мондани нафаре, ки қасд ба ҷони судя намуда буд, кумак намуд ва рўзҳои баъдӣ, ки рўзҳои офтобӣ буданд, ҳамчун фосилаи ин рўзҳо чун орентир (нишонаи муайян намудани мавқеъ) барои равшан намудани хотироти тамошобинони “Оинаи нилгун” боқӣ монд.
“Ахбори криминалӣ,” ки тариқи шабакаи телевизион ба эфир рафт, хотироти бисёре аз шаҳрвандонро варақгардон намуд. Ҳарчанд бо гузашти вақт ба ёд овардани он лаҳзаҳо чун варақгардон намудани коғази намнок мушкилоти зиёдеро пеш меовард. Танҳо дар рўзи аввали ба эфир рафтани “Ахбори криминалӣ “ ҳашт нафар тариқи телефонҳои боварӣ аз “оинаи нилгун” ба намоиш гузошта шуда ба мақомоти милиса муроҷиат намуда, ба тафтишот ёрӣ додани хешро пешниҳод намуданд.
Вазъи ба вуқўъпайваста худ тақозо мекард, ки мақомотҳои ҷустуҷўйи ва тафтишотӣ ба ҳар як хабар аз нигоҳи талаботҳои қонун назар афканда, донаҳои дар хирмани тафтишот гирдомадаро аз рўйи шакл ва вазн чун деҳқони асил ҷудо намоянд.
Тайи ду - се рўзи баъди пахши “Ахбори криминалӣ”, ки субҳи рўзи дигараш ҳам намоиш дода шуд, мо қариб бо чил нафар шаҳрвандоне, ки дар он рўзи боронӣ тасодуфан дар минтақаи ҳодиса аз пайи кору пайкори хеш дар ҳаракат буданд ва акнун аз вазъи рухдода огоҳ шуда, ба тафтишот ёрӣ додан мехостанд, ҳамсуҳбат шудем.
Дар нигоҳи нафарони ба ёрии тафтишот омада калавишҳои зиёде дида мешуд, вале чунин ҳолатҳо боиси таассуф ҳам набуд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 5

499 саҳифа

Аз аввал хондан