-Дуруст.
-Хулосаи ташхиси тиббӣ дар хуни вай миқдори ниҳоят зиёди машруботи спиртиро дарёфта, ба инаш чӣ мегуед?
-Ин ҳамааш саҳнаи тайёрнамуда аст.
-Ба кадом хотир, модоме ки худи ронанда гуноҳро пурра ба зимма гирифтааст.
-Шуморо бовар мекунонам, ки ҳаргиз ҳодиса дар чунин шакл рух надода ва дар ин ҷо ҳам зери коса боз нимкосае ҳаст, чунки шахсе, ки ба хотири зиндагӣ чунин талош меварзад, ҳеҷ гоҳ ба худкушӣ даст намезанад ва боз дар чунин шакл...
-Тарзе гап мезанед, ки шумо худ аз ин саҳна гузашта бошед.
-Гузаштаам ва аз дигарон дида акнун зиндагиро бештар қадр мекунам.
Ман саргузашти собиқ ашрофидухтарро ба ёд овардам, вале коҳи кӯҳнаро бод кардан нахостам. Бубин бо нафаре, ки вайро аз марг раҳо намуда ва ба хотири ў аз зану фарзандонаш ҷудо шуд, чиҳо кард, ин ҷо бошад сухан дар бораи нафаре мерафт, ки ҳатто дар лаҳзаи мушкил аз вай дурӣ ҷуст ва боз чунин дилбастагӣ.
Дар лаҳзае, ки саргузашти мусоҳибам чун тираабре дар осмони хаёлам давр мезад, дар бурҷи дигари самои беканора пораи абри сиёҳеро дидам ва дилам фишурда шуд...
-Шумо ўро мешиносед?
-Киро?
-Усмонро.
-Ўро ҳама мешиносанд.
-Маълум, ки нафари дидадаро будааст?
-Худозада буд.
-Нафаҳмидам.
-Вай ҳеҷ гоҳ хотири намаки касеро накардааст...
-Мебинам, ки ба андеша рафтед, - овоз рўшан намуд Парвина Қамар.
-Ҳамин хел аст, вале чӣ илоҷ ки инсонро аз чунин андешаҳо роҳи гурез нест.
-Шояд саргузашти бандаро шунида саргузашти хешро бо зебосанаме ба ёд овардед?
-Баръакс, саргузашти дигареро ба ёд овардам.





