Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 558 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вуҷуди Маъруф Остон ларзид. Дар бист – сӣ соли охир ў бори аввал ҳамин ҷумларо ба ёд овард. Он солҳо ў дар деҳа зиндагӣ дошт ва гоҳ – гоҳ ба деҳаи онҳо низ кинои сайёр меоварданд. Шодии бачаҳоро ҳаду канор набуд. Киномеханик марди русе буд, ки пеш аз оғози кино худаш билет мефурўхт ва ҳамин ду ҷумларо ҳамеша такрор мекард. Онҳое, ки пул надоштанд, ноумед ба хона мерафтанд.
…Баъди ду рўз Насим занг зад.
– Ман розӣ, вале шарте дорам.
– Марҳамат!
– Пеш аз оғози кор ман бояд боварӣ ҳосил намоям, ки маблағро дар ҷойи таъиншуда гирифтанд.
– Суратҳисобатонро пешниҳод намоед.
Маъруф Остон суратҳисоби дар Москва доштаи ҳамсарашро гуфт.
– Имрўз дер шудааст. Фардо субҳ мо ҳама корро тахт мекунем. Пасфардо, албатта, шуморо дар ин бора ҳамсаратон огоҳ хоҳад кард.
Ў боз тамоку даргиронд то фикру андешаҳои ботилро аз сар дур созад. Нохост телефон занг заду ў гўшакро бардошт.
– Ман Насим…
Маъруф Остон ду соат боз дар курсии автомашинаи «Жигулӣ» дар муқобили бинои нуҳошёнае дар кўчаи Хуросон интизорӣ дорад. Дар курсии пеш сари чанбараки рул Насим нишастааст. Ним соат пеш барф гирифт ва ҳоло ҳама ҷо сап–сафед шудааст.
Дар пеши биное, ки зери назорати онҳо қарор дорад, кўдакони зиёде барфбозӣ доранд. Чӣ айёми хушест айёми кўдакӣ.
Бубин, боридани барф ҳам барои кўдак як шодию нишот аст.
Барфбозии кўдаконро дида дили Маъруф Остон гум зад. Ў боз писарчааш Собирро пеши назар овард. Тақдирро бубин, ки бачаҳои ҳамсину соли Собир гармою сармо нагуфта, ба барфбозӣ машғуланд, вале писари ў ҳазорҳо фарсах дур аз Ватан болои кати беморхона дар интизори ҷарроҳист. Онҳое ки дасти ў гирифтаанд, дигар интизори натиҷаи ҷарроҳӣ ҳам намешаванд.

пешина
аз 558
навбатӣ