Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Милиса дар ҳама ҷо гўшу чашми хешро дораад ва бонки саҳомии «Кишоварз» ҳам аз ин гўшу чашмҳо холӣ набуд. Баҳри андак хатое Розиқ Амон ҳисса супорид. Акнун бошад…
Ҳотам Илёс сари ин масъала тамоми шаб андеша кард ва ба хулосае омад, ки коҳи кўҳнаро бод кардан нашояд. Вале рафту агар чорае наандешад, аҷаб нест мудири бонк рўзе симои ботинии вайро ба ҳамагон муаррифӣ намояд. Маҳз ҳамин ҳолат боиси изтиробу нигаронӣ буд.
Худи ҳамон шаб ў тариқи телефон бо ёвари Розиқ Амон, ки «дар хизмати милиса» буд суҳбат намуд ва соати шаши субҳ вайро ба хонаи консперативӣ1 баҳри суҳбати муфассалтар даъват намуд.
Суҳбат аслан дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт ва Ҳотам Илёс аз вазъи дохили бонки «Кишоварз» маълумоти кофӣ гирифт. Маълум шуд, ки ду нафари дигар ҳам баҳри ба сари мансаб омадан талош доранд. Баҳри Ҳотам Илёс шарт набуд, ки номи он ду нафар саҳмиягузорро дар дафтарча қайд намояд.
Худи ҳамон рўз баъди таҳлилу андешаҳо ў яке аз он вазифаталабонро ба вохўрии хоса даъват намуд. Чун ҳарду шинос буданд ҳангоми вохўрӣ дар тарабхонаи «Тоҷикистон» баъди бардоштани ду – се поймона Ҳотам Илёс ба сари мақсад омад ва гуфт, ки тайёр аст, ки барои ба сари қудрат омадани дўсташ кумак намояд.
Ҳотам Илёс дар асл одамшинос аст ва боре ҳам дар ин хусус ба хатоӣ роҳ надодааст.
– Агар ман сарвари бонк шавам, як умр ғуломи ҳалқабар– гўшатон мешавам, – ваъда дод дўсташ, ки аз таъсири шароб рухсораҳояш лолагун шуда буданд.
– Розиқ Амон аз он нафароне нест, ки ўро бо роҳи тарсонидан мо маҷбур намоем, ки аз вазифа даст кашад.
– Шояд ўро ҷисман нобуд созем, – гуфт он мансабталаби сархуш.
– Ин ба гуфтан осон.
– Наход, Ҳотам– ако, ягон илоҷаш набошад?
– Ҳамаро дар ин замона пул ҳал мекунад.
– Фарз намудем барои ҷисман нобуд сохтани вай чи қадар пул лозим?
– Ягон сад ҳазор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё