Асарҳои мунтахаб ҷилди 4. Романҳо

Ҳоло вай дар як кунҷи шаҳр ва Лена дар кунҷи дигари он. Акнун духтари ў чароғи хонаи дигареро фурўзон медорад…
Дари лифт кушода шуду Самохина аз байни андешаҳои хеш берун омада, хост пой ба дохили кабинаи лифт гузорад, вале…
Он чӣ ки Екатерина Андреевна дид ба ақли одамӣ рост намеомад. Ў дод гуфта қафо гашт. Хайрият ки дари лифт аз нав ба таври автомати пўшида шуду ўро аз тамошои «саҳнаи даҳшат» раҳо кард. Шояд агар ҳамин барф намешуд мардумон бештар рафтуомад мекарданд, вале акнун касе дар фикри аз манзили гарми хеш берун баромадан набуд. Екатерина Андреевна қафо баргашта, аз хонаи ҳамсояи ошёнаи якум ба милиса занг зад…
Ваколатдори кофтукови ҷиноятии ноҳияи Сарчашма капитани милиса Сорбони Ҳомид соати 1915 дақиқа аз бинои милиса берун шуд. Чун барф бо тамоми ҳастиаш ба сайри замин баромада буд, лаҳзае пеши бинои идора истод. Истгоҳ аз пеши идораи милиса тахминан дусад – дусаду панҷоҳ метр дуртар буд. Сорбони Ҳомид ба хулосае омад, ки ба ягон таксӣ нишинад. Ба ҳамин хотир ў рост ба рўйи роҳ баромад.
Ҳамагӣ понздаҳ – бист қадам гузошта, дар рў ба рўйи милиса баҳри боз доштани автомашинае, ки дар болояш нишонаи таксӣ буд даст бардошт. Автомашина ба тарафи рост такя карда истод. Сорбони Ҳомидро лозим омад, ки боз чанд қадам гузошта то пеши таксӣ равад. Ниҳоят вай дарро кушода нияти ба таксӣ нишастан дошт, ки касе ба китфаш даст зада гуфт:
– Рафиқ капитан…
Сорбони Ҳомид ба тарафи овоз баргашта ёрдамчии навбатдор Каромати Сафарро дида пурсид.
– Тинҷӣ– мӣ?
– Дар кўчаи Хуросон, дар яке аз биноҳои нўҳошёна, дар дохили лифт ҷасади беҷони ду нафарро ёфтанд.
Сорбони Ҳомид барои ташвиш доданаш аз ронанда узр пурсид ва ҳамроҳи ёрдамчии навбатдор ба тарафи биное, ки ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз он ҷо баромада буд, ҳаракат кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё