Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар бораи сохтмон дигар ҷойи гап ҳам набуд, чунки дар тарозуи вақт ба даст овардани сулҳу салоҳ байни ҳамзабонон меистод.
Ниҳоят сулҳу салоҳ ҳам ба даст омад ва ҳамдигарфаҳмӣ шуд.
Аксари чунин биноҳои нотамом моли шахсии баъзе аз ашрофзодагони навбаромад шуданд ва қисми дигарашон мисли ҳамин муҷассамаи ҳайбат гӯё навбати ободии хешро мепоиданд. Чун гирди сохтмонҳои калонро он солҳо бо деворҳои бетонӣ мебардоштанд тайи ин солҳо мардумон ҷо – ҷойи он деворҳоро сурох карда, аз дохили майдончаи сохтмонӣ ҳар чи ки имконият дошт ба яғмо бурданд. Дигар дар саҳни бинои нотамом ба ҷуз он крани борбардор ва тудаи оҳанпораҳои калону плитаҳои бетонӣ, ки бе ёрии кран онҳоро бардоштан ғайриимкон буд, чизеро ёфтан ба гумон буд.
Манзараи атрофи бинои шири уштурхӯрдаро Зӯҳро Шафиевна қариб, ки аз ёд медонист чунки тирезаи балкони хонааш дар рӯ ба рӯи ҳамон бино ҷойгир буд ва ҳамарӯза хоҳу нохоҳ агар бо коре ба балкон барояд аз ду сар чашмаш ба ҳамон су бармехӯрд, вале ӯ ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки чӣ тавр нигоҳаш дар ошёнаи сеюми он бинои нотамоми истиқоматӣ қарор гирифт.
Рассо баъди ним ва ё шояд як дақиқа автомашинае дар пеши бино қарор гирифт ва нафаре аз дохили он берун омада, аз қисими пушт ба тарафи рост гузашт ва дари қафои автомашинаро аз тарафи рост кушод, мисли оне ки замоне ронандагон дари автомашинаи «Волга» – и хизматиро баҳри котиби аввали ҳизб мекушоданд.
Дили пиразан аз ба ёд овардани ҳамин як пораи ҳаёташ аз фараҳ лабрез гашт, вале боз дарди миёнро ҳис карду чашм ба сӯйи он автомашинаи сап – сафед дӯхт.
Гумон дошт, ки аз автомашина шахсе берун меояд, ки мансаби баландаш ӯро ба чунин эҳтиром сазовор намудааст, вале бар хилофи ҳама андешаҳои ӯ аз дохили он автомашинаи зебо набераи шабгардаш берун омад.
– Худоё, наход ин духтарак Субҳия бошад,– аз дил гузаронд ӯ ва нигоҳашро ба ҳамон самт бештар кард, то бубинад Субҳияро бо соҳиби он автомашинаи зебо чӣ иртиботест.

пешина
аз 515
навбатӣ