Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сабукрав чун бути қипчоқи ман буд,
Гумон афтод худ, к-Офоқи ман буд –
Ҳумоюнпайкаре нағзу хирадманд,
Фиристода ба ман дорои Дарбанд,
Парандаш диръу аз диръ оҳанинтар,
Қабо-ш аз пираҳан тангостинтар,
Саронро гӯш ба молиш ниҳода,
Маро дар ҳамсарӣ болиш ниҳода.

(Адабиётшиноси забардаст Е.Э.Бертелс дар мақолае, ҳарфи «ф»-ро талаффуз карда натавонистану одатан чунин номҳои бошукӯҳ намондани қипчоқиҳоро далел оварда, номи ҳамсари Низомиро «Опоқ» тахмин ва «сафедак», «сафедандом» (аз вожаи оқ-сафед) маънидод кардааст («Низами и Фузули», М., нашриёти «Восточная литература», 1962).
Лекин бемантиқ нест, агар низ тахмин кунем, ки шояд номи шоиронаи «Офоқ»-ро худи ҳаким ба ӯ дода бошад, чун, ҳам ба сифати хоҷа ва ҳам ба сифати ҳамсари маҳбуб, ба ин ҳуқуқи комил дошт.) Аз он ҳамсарии пурмуҳаббат фарзанде ба дунё омад, ки Муҳаммад номаш монданд ва чанде ин модару писар мояи шодобиву нишот ва илҳоми шоир буданд. Мутаассифона, умри Офоқ вафо накард ва ҳангоми хурдсолии фарзандашон аз ҷаҳон даргузашт. Боз ҳам дар ҳамон ҷо дар ин хусус сатрҳои пурсӯзеро мутолиа мекунем:

Чу туркон гашта сӯи кӯч муҳтоҷ,
Ба туркӣ дода рахтамро ба тороҷ.
Агар шуд туркам аз хиргаҳ ниҳонӣ,
Худоё, туркзодамро ту донӣ!

Яъне, маҳбубаи туркам ба оини қавмаш, ки кӯчокӯч аст, аз ин ҷаҳон кӯчид, ба расми қавмаш, ки турктозист, рахти ман, зиндагии пурнишоти маро тороҷ кард; агар туркам баногаҳ хиргоҳи зиндагониро тарк гуфт, Худоё, туркзодам – фарзандамро нигаҳбон бишав!
Гумон меравад, ки яке аз сабабҳои пурқувватии ҷанбаи ишқии достони «Хусрав ва Ширин» дарди ҷонгудози маҳрумӣ аз Офоқ будааст.
Шоир қаблан ба корбурди ин сужет (аз ҷониби ҳаким Фирдавсӣ) ишора мекунад, ки

Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳон нест
В-аз он ширинтар, алҳақ, достон нест.

Баъд аз сари ҳамсар ҳаким Низомӣ ҳама меҳру назокаташро дар либоси бебаҳои панду насиҳат нисори фарзандаш Муҳаммад намудааст.
Хурду калони Тоҷикистон пораи «Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ…»-ро аз достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ҳанӯз аз китоби мактабӣ ёд доранд ва шоҳиданд, ки шоир бо чӣ меҳру муҳаббат ва дилсӯзиву назокат бо фарзандаш суҳбат мекунаду ӯро ба одами комил шудан ҳидоят менамояд.

пешина
аз 349
навбатӣ