Зеҳн
Ҳафтахтар Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 349 саҳифа

Адабиёт

Шайх Низомуддин Абумуҳаммад ибни Абуюсуф ибни Муайяд, маъруф ба Низомӣ аз зумраи шоирони забардасти тоҷику форс буда, бо панҷгонаи беназираш шуҳрати ҷовидона ёфтааст.
Ҳокимони замону маконҳо ба ҳаким Низомӣ таваҷҷуҳи пайваста доштанду мунтазам ба даргоҳашон металабиданд, осорашро харидорӣ мекарданду атоҳои арзандае мефиристоданд. Вале шоир гӯшанишиниро авло медонист – гӯшанишиние, ки безорӣ аз одаму олам не, балки ба фикру андешаи оламу одам буд, гӯшанишиние, ки дурру гуҳарҳои маънову ҳунар бор меовард.

ҲАКИМИ РАНГИНАФКОРУ ШОИРИ ШИРИНГУФТОР

Чунон ки дар пешгуфторҳои ҷилдҳои пешинаи ин силсилакитоб ишора шуд, ҳар яке аз бузургони адабиётамон як гӯшаи ин боғи ҷовидон шодобро сабзу хуррам нигоҳ доштаанду ба ҳусну тароваташ афзудаанд.
Дар ин радиф ҳаким Низомиро метавон бе шак пештози достонҳои ғиноиву таҳкиявӣ гуфт.
«Лақаби ӯ шайх Низомуддин, куняти ӯ Абумуҳаммад ибни Абуюсуф ибни Муайяд аст ва ба Мутарризӣ иштиҳор ёфта, ҷиҳати он ки шайх бародари Қавомии Мутарризист, ки аз шоирони устод буда, қасида мегӯяд» – овардааст Давлатшоҳи Самарқандӣ дар «Тазкират-уш-шуаро»
ва ин гуфта қисман бар маълумоти худи шоир такя мекунад:

Гар шуд падарам ба суннати ҷад
Юсуф - писари закӣ Муайяд...

Аҷдоди шоир аз кӯҳистони шаҳри Қум будаанд ва падараш бо сабабе аз он ҷо кӯч баста, дар Ганҷаи он замон ободу осуда истиқомат ихтиёр кардааст. Оид ба ин, шояд вобаста ба сафаре аз Ганҷа, дар достони «Иқболнома» мегӯяд:

Низомӣ, зи ганҷина бикшой панд,
Гирифтории Ганҷа то чанду чанд?
Чу дур гарчи дар баҳри Ганҷа гумам,
Вале аз куҳистони шаҳри Қумам!

Падари шоир бо духтаре аз ашрофзодаҳои курд хонадор мешавад, аз он издивоҷ ду фарзанди номвар марқуми таърих аст ва ҳамин далолат мекунад, ки волидайни Низомӣ муътабару аҳли савод будаанд ва барои таълиму тарбияи сазовори фарзандон чизеро дареғ надоштаанд.
Соли таваллуди шоир ба иттифоқи назари аксари муҳаққиқон 1141 тахмин шудааст, вале оид ба чанд ҷузъи ҳаёташ дар достонҳои «Хамса»
ишораҳои мушаххасу дақиқ дорад. Аз ҷумла, оид ба модару мартабааш ва аз ӯ маҳрум шудани шоир дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» ин сатрҳоро мехонем:

Гар модари ман – раисаи курд
Модарсифатона пеши ман мурд,
Аз лобагарӣ киро кунам ёд,
То пеши ман орадаш ба фарёд?

аз 349
навбатӣ