Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале, мутаассифона, А.
Мирзоев ин андешаи худро ба поён нарасонда, бо далелҳо тақвият нанамуд ва баръакс андешаи Саид Нафисиро ҷонибдорӣ намуда, фарзияи кўр карда шудани Рўдакиро таъкид кард15.
Донишманди дигари тоҷик Раззоқ Ғаффоров низ дар мақолаи «Оид ба кўри модарзод будан ё набудани Рўдакӣ» дар ин бора таваққуф намуда, бо мисолҳои зиёд аз ашъори худи шоир андешаи кўри модарзод будани ўро рад менамояд ва кўр карда шудани вайро ба шароити таърихиву сиёсии давраш, яъне ҷунбиши қарматия вобаста медонад16.
Пас аз сӣ сол донишманди тоҷик Т. Отахонов дар мақолаи «Сардафтари мо нобино набуд» аз нав ба ин масъала рўй оварда, на танҳо кўри модарзод будани шоирро рад мекунад, балки баъдан кўр карда нашудани ўро таъкид месозад17.
Соли 1373\1994 китоби устоди Донишгоҳи Аҳвози Эрон Насруллоҳ Имомӣ «Рўдакӣ - устоди шоирон» ба табъ мерасад, ки фасли ҳаштуми он «Биноӣ ё нобиноӣ» ба масъалаи кўрии Рўдакӣ бахшида шудааст. Муаллиф мисолҳои фаровонро аз осори шоир ва сарчашмаҳои таърихиву адабӣ мавриди таҳлил қарор дода, ба хулосае меояд, ки «Рўдакӣ ба эҳтимоли қарин ба яқин кўр будааст, вале ин кўрӣ наметавонад модарзодӣ буда бошад. Ва шояд шоир дар бахши аъзаме аз умри худ бо заъфи биноӣ рўбарў буда ва дар авохири умр нобино шуда ва шўҳрати нобиноии ў дар манобеи пас аз вай ва осори мутааххирон ба ҳамин сабаб будааст». Донишманди дигари эронӣ Музаффари Сарбозӣ низ дар фасли ҳафтуми асари худ «Рўдакӣ» нобиноии шоирро мавриди баҳс қарор дода, ба хулосае меояд, ки ў «дар авохири умр дучори нобиноӣ гаштааст» ва сабаби кўрии вай бемории оби марворид мебошад, ки мил кашидан ҳам барои дармони ин беморӣ будааст20.
Ба ин тартиб баҳс дар атрофии масъалаи нобиноии Рўдакӣ хеле тўлонӣ ва густурда буда, дар марҳилаи кунунӣ бар асоси далелҳои ба даст омада метавон ба чунин натиҷа расид, ки бунёдгузори адабиёти классики форсу тоҷик кўри модарзод набуда, бар асари сустиву бемории басират ҳангоми пирӣ нобино шудааст. Аз ин рў ҳангоми тасвири симои шоир ва ба хусус эҷоди пайкараи ў ин нукта бояд ба назар гирифта шавад.

пешина
аз 625
навбатӣ