Равзанаи адаб

Дар ашъори боқимондаи Рўдакӣ борҳо ба маншаъи шодиву нишот ишора шудааст. Яке аз манбаъҳои асосӣ бешубҳа шахсияти худи шоир ист, ки аз хилоли сурудаҳои ў гоҳ-гоҳ ба ҷилва меояд.
Аз ҷумла, тавре ки зикр шуд, дар қасидаи фалсафии худ шоир барои тақвияти андешаи даргузар будани оламу ҳаёт замони ҷавонии хешро ба ёд меорад ва ҷавони шоду масрур буданашро таъйид мекунад.
Шодиву тараб ва хушгузаронии умр дар ашъори Рўдакӣ маншаъи иҷтимоиву сиёсӣ низ дорад. Давлати пуриқтидори Сомониён тавонист истиқлоли сиёсӣ ба даст оварда, кишварро орому муттаҳид намояд. Ба хусус дар давраи аввали ҳукумати Сомониён Хуросони бузург аз лиҳози иқтисодиву фарҳангӣ яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор мерафт, ки ба ин сайёҳони зиёди хориҷӣ ҳам ишора кардаанд. «Дар замоне, ки Рўдакӣ дар Мовароуннаҳр мезист, ба шаҳодати саҳоифи таърих ин хиттаи эронӣ аз ҳар ҳайс ободтарин диёр буд: дар тиҷорату саноат ба авҷи камол расида буд». Бесабаб нест, ки давраи мазкурро «асри тиллоии фарҳанги Эрон» номидаанд. Ин пешрафтҳои азими иқтисодиву фарҳангӣ боиси рўҳбаландиву фараҳмандии мардум, ба хусус аҳли илму адабу фарҳанг гардида, метавон гуфт ба рўҳияи замон табдил ёфт. Таҷаллии ин муҳити фараҳбахшро дар ашъори шоирони давр метавон равшан мушоҳида кард. Рўдакӣ бо он ифтихор мекунад, ки пойтахти давлати Сомониён ба яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ табдил ёфта, бо маркази хилофат - Бағдод баробарӣ мекунад, Қитъаи зери Рўдакӣ аз даврони шукуфоии Ҳукумати Сомониён, ки маншаъи шодиву тараби шоир аст, ҳикоят мекунад:
Имрўз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост, Куҷо мири Хуросон аст, пирўзӣ он ҷост.
Таваҷҷўҳи амирону вазирони сомонӣ ба аҳли илму адаб, фароҳам овардани муҳити мусоид, ҳадяву атоҳои фаровон ба шоирон онҳоро рўҳбаланд намуда, эҳсоси шодиву фараҳ ва рўҳияи боландагиашонро афзун мегардонад. Сарчашмаҳо ба сарвати фаровони шоир ишора намудаанд. Низомии Арўзӣ аз 400 шутур бори Рўдакӣ ҳангоми баргаштанаш аз Ҳирот хабар медиҳад.
Абдураҳмони Ҷомӣ низ аз он ёд мекунад ва ҳосили мадҳияҳо будани он сарватро таъкид менамояд:
Рўдакӣ он ки дурр ҳамесуфтӣ,
Мадҳи Сомониён ҳамегуфтӣ.
Силаи шеърҳои ҳамчу дурраш
Буд дар бори чорсад шутураш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё