Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллиф самараи ҳамин озодиву истиқлоли миллиро дар мисоли осори боқимондаи Устод Рўдакӣ нмшон додаст.
Масъалаи дигаре, ки ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии дав рва давлати Сомониён иртибот дорад, падидаи нодир будани адабиёти ин аҳд ва ўстод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ аст. С.Амирзода зуҳури ин падидаро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти адабӣ ва осори боқимондаи Одаиушшуаро дармеёбад. Ў ҳатто дар мадҳияҳои Рўдакӣ ва муосиронаш зуҳури барҷастаи худшиносиву мфтихороти миллии онҳоро муайян мекунад ва консепсияи наверо дар ин мавзўъ баён мекнад. Ў пеш аз ҳама решаҳои мадҳи Рўдакиро, ки дар қасидаи «Модари май» бозтоб ёфтааст, баррасӣ намуда аз дуову саноҳои Авесто маншаъ гирифтани онро таъкид менамояд.
Яку аз омилҳои шўҳрати ҷаҳонӣ пайдоькардани Рўдаккиро низ муҳаққиқ дар иртиботми ў бо давлати Сомониён ва ифодаи орммонҳои озодихоҳиву истиқлолшталабии он медонад.
Тавре ки С. Амирзода таъйид намудааст, Устод Рўдакӣ танҳо бунёдгазори адабиёти форсмзабон нест,балки шоирест, ки мақоми ҷаҳонӣ дорад ва худи лақаби Одамушшуаро ҳам гувоҳи бузургиыу оламшумулии ўст. Мутаассифона, дар адабиётшиносии мо ба ин масъала камтар таваҷҷўҳ мешавад ва ҳар гоҳ сухан аз шўҳрати ҷаҳонии шоир равад, бо иҷтибоси чанд гуфтаи умумии донишмандони хориҷиву ватанӣ иктафо мешавад.
Дар рисола ва мақолаҳои ин китоб кўшиши кушодани рози бузургиву оламшумлии осори Устод Рўдакӣ ба назар мерасад.
Дар воқеъ ҳоло замоне расидааст, ки мо рози мондагории ашъори Рўдакӣ, моҳияту арзишҳои умумибашарии онро бармало созеи. Дар ин ҷо бамаврид аст ҳодисаеро, ки моҳи авгвсти соли 2008 шоҳиди он будам, ёдовар шаваи. Бо кқшиши намояндагии Тоҷикистон дар СММ ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ба муносибати 1150-солагии Абўабдуллоҳ Рўдакӣ ҳамоиши байналмилалии илмиву фарҳангӣ баргузор намуд, ки дар кори он гурўҳе аз Тоҷикистон ҳам ширкат дошт. То лаҳзаи ифтитоҳи ҳамоиш маълум набуд, ки аз раёсати СММ кӣ дар ин ҳамоиш ширкат ва суханронӣ мекунад. Зеро ҳамон рўз чнд0020аласи муҳимми дигар низ дар он созмон баргузор мешуд. Нитҳоят ғайри чашидошт худи Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ташриф овард ва скханронӣ кард. Ў скханрониашро бо он шуруъ кард, ки мирўз чанд ҷаласаи суҳимми дигар дар назар аст, вале вақте ки мпан бо маводи ин ҳамоиш шинос шудаи, ба ҳайрат омадам, ки ҳазор сол қабл ин шоир вазифаҳои моро хеле равшан муайён кардааст. Аз ин рў манн ин ҳамоишро интихоб намудам ва омадам ьло ба шумо ин матлабробаён намоям. Ин ҳодиса дарвоқеъ далели он аст, ки осори Рўдакӣ рисолати умумиҷаҳониву умумибашарии худро комилпн ҳифз кардааст.

пешина
аз 625
навбатӣ