Равзанаи адаб

Конференсияи байналмилалии «Физикаи муҳити конденсӣ»
бахшида ба 85 солагии академик А.А.Адҳамов;III-умин Конференсияи илмӣ оид ба нурҳои кайҳонӣ; Конференсияи V-уми байналмилалии «Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ»; Конференсияи байналмилалии “Саҳми илмии М.С. Андреев дар омўхтани таърих ва этнографияи халқи тоҷик” бахшида ба 90- солагии М.С.Андреев; Конференсияи байналмилалии «Саҳми Амир Хусрави Деҳлавӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ»; Конференсияи илмӣ-амалии «Фазои геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ» аз он ҷумлаанд.
Дар соли 2013 кормандони Академияи илмҳои ҶТ дар бештар аз 400 чорабинии илмии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла дар 10 симпозиум, 3 форум, 175 конференсия, 50 семинар, 6 ҷаласаи «Мизи мудаввар»-и байналмилалӣ, 13 семинари минтақавӣ, ҳамчунин 48 конференсия, 15 ҷаласаи «Мизи мудаввар» ва 31 семинари ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Самараи ҷустуҷўву баррасиҳо ва заҳматҳои эҷодии олимон дар мақолаву монографияҳои илмии онҳо ба зуҳур мерасад. Дар соли 2013 кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1250 асари илмӣ, аз ҷумла 164 китобу монография ва 1086 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 926 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 103 мақола дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва 57 мақола дар маҷаллаҳои давлатҳои хориҷии дур ба табъ расонданд.
Дар соли 2013 4 шумораи маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шўъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ”, 4 шумораи маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шўъбаи илмҳои биология ва тиб”, 5 шумораи маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шўъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ», 4 шумораи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Силсилаи филология ва шарқшиносӣ” ва 4 шумораи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Силсилаи фалсафа ва ҳуқуқ» аз чоп баромад.
Дар ин давра олимони Академияи илмҳо 9 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,1 қарори мусбат барои гирифтани патент барои ихтироот ва 1 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварданд.
Ҳамчунин Раёсат ва муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ҳазор ҳуҷҷатро дар намуди маълумотнома, шартномаву созишнома, гузоришот, хулосаҳои экспертӣ, лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттилооти дигар дар мўҳлатҳои муқарраргардида иҷро намуда, дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар фаъолона ширкат варзиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор