Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар воқеъ, ин адабиёт пас аз истилои дусадсолаи арабҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон зуҳур намуда, дар як муддати на он қадар зиёд ташаккулу такомул пайдо кард ва ба давраи тиллоии тамаддун табдил ёфт. Аз ин ҷост, ки он таваҷҷўҳи донишмандони зиёди оламро ба худ ҷалб намудааст. Вале то ҳол сабабҳои рушди хеле сареъи адабиёт дар давраи мазкур мавриди баҳсу таҳқиқи ҷудогонаву муфассал қарор нагирифтааст ва омилҳои пешрафти ҳаёти адабиву фарҳангӣ ба пуррагӣ нишон дода нашудааст. Ҳамон тавре ки ховаршиноси номдори рус Е. Э. Бертелс фармудааст:
"Барои таҳқиқи он ки ҳаёти адабӣ дар Бухоро бо кадом роҳҳо ба чунин шукуфоӣ расидааст, камии маводи боқимонда имкон намедиҳад" Бо вуҷуди ин баъзе донишмандон дар зимни таҳқиқоти худ ба ин масъала низ ишораҳо кардаанд. Аз ҷумла устод Саид Нафисӣ таваҷҷўҳи Сомониёнро ба адабиёт аз омилҳои асосии инкишофи он дониста, фармудааст: «Дар адабиёти порсӣ рағбати Сомониён ба маротиб беш аз забони тозӣ буд ва ростӣ метавон гуфт шўреву ишқе бад-ин кор доштаанд, чунонки назму насри забони дариро бояд зодаи Мовароуннаҳр ва дарбори Сомониён донист» Устод Садриддин Айнӣ низ ҳамзамон бо Саид Нафисӣ ва ноогоҳона аз асари ў дар зимни шарҳи ҳоли Рўдакӣ ҳамин андешаро баён намуда, «ба ривоҷ додани шеъру адабиёти форсии нав (забони адабии тоҷикӣ) ва баланд бардоштани маданияти миллӣ» кўшиш доштани Сомониёнро таъкид кардааст4, ҳарчанд қаблан дар сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик», ба қавли худи ў, «такя ба усули марксизм» намуда, хилофи ин андешаро баён менамояд5 Донишманди маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев ин матлабро тавсеа дода, аз омилҳои дигари сиёсиву иҷтимоӣ ёд кардааст: «Ба даст дароварда шудани истиқлолияти сиёсӣ ва муваффақиятҳои дурахшоне, ки дар қисматҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷамъиятии асри Х ба даст даромада буд, на фақат ба сабзиши қувваҳои истеҳсолӣ ва умуман ҳаёти моддӣ таъсири фавқулъодаи калоне расонид, балки барои пешрафти ҳаёти маданӣ, илмӣ, адабӣ ва ғайра заминаҳои мувофиқе ба вуҷуд овард. Муборизаҳои сиёсӣ ва чорабиниҳое, ки дар соҳаи марказият додани давлати Сомонӣ, таъмин намудани бехатарӣ, ободонии мамлакат ва амсоли инҳо бурда мешуд, ба масъалаи аз ҷиҳати ҳаёти маданӣ сабзидани шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон низ бетаъсир намонд» Адабиётшиноси барҷастаи эронӣ Забеҳулло Сафо низ иллати асосии пешрафти сареъи адабиётро дар таваҷҷўҳи зиёди умарои сомонӣ ба забону адабиёти порсӣ медонад: "Таваҷҷўҳ ба забону адаби порсӣ ҳам аз хадамоти муҳими шоҳони сомонӣ аст. Шоҳони сомонӣ ва ҳамаи афроди ин хонадон алоқаи шадид ба забони форсӣ ва назму насри он доштаанд ва аз ин рў, шуароро мавриди ташвиқу инъом қарор медоданд ва бо ағлаби онон ба меҳру эҳтиром рафтор мекарданд ва нависандагонро ба тарҷумаи кутуби мўътабаре монанди "Таърихи Табарӣ" ва тафсири "Ҷавомеъ-улбаён"-и Табарӣ ва "Калилаву Димна"-и Абдулло бинни Ал- Муқаффаъ ба насри форсӣ ташвиқ мекарданд.

пешина
аз 625
навбатӣ