Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

баробари сиҳатмандиву дониш аз рукнҳои асосии зиндагии хуши инсони озода мешуморад:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хўи неку номи неку хирад.

Некиву накукорӣ, ки Рўдакӣ ситоиш мекунад, пештар аз ҳама аз суннати мардумони эронинажод, аз сиришти худи ў, аз ахлоқу назари нек, аз нияту орзўҳои неки ў маншаъ мегиранд. Аз ҳамин оғоз мароми шоирии Рўдакӣ тавассути шеър некӣ расондан ба мардум будааст. Ў бо ҳамин нияту мароми накўкорӣ барои расонидани манфиати ҳар чи бештар ба халқу кишвар роҳи дуру дарозеро тай намуда, ба хидмати давлати навбунёди Сомонӣ, ки истиқлоли сиёсиро ба даст оварда буд, пайвастааст:
Раҳӣ савору ҷавону тавонгар аз раҳи дур Ба хидмат омад некўсиголу некандеш.

Аз ин ҷост, ки тасвири инсони некўкор ва тарғиби ғояҳои инсонпарвариву башардўстӣ аксари ашъори боқимондаи Рўдакиро фаро гирифтаанд. Шоир ба қудрату тавоноии инсон, нерўи эҷодкори он имкони комил дорад. Дар замоне, ки зимомдорони айём инсонро беиродаву оҷиз шумурда чун ашёъ мавриди хариду фурўш қарор медоданд, Рўдакӣ бузургдошту эҳтироми инсонро талқин намуда, паҳлўҳои гуногуни олами ботинии ўро тасвир мекунад ва роҳу василаҳои рушду такомули инсони накўкорро нишон медиҳад. Шоир пеш аз ҳама инсонро ба амалу фаъолият даъват мекунад. Ў таъкид менамояд, ки ҷаҳон дар назари аввал орому ҳамвор аст, вале дар асл он пур аз тазодҳои шаддидест, танҳо шахсе аз моҳияти онҳо огоҳ шуда метавонад, ки дили бедор дошта бошад. Чунин андешаҳои фалсафии шоир, ки саршори рўҳияи хушбинона нисбат ба инсон ва тавоноии он мебошад, дар қитъаи зерини ў хеле равшану возеҳ ифода ёфтаанд:

Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил –ш бедор аст.
Некии ў ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ў ба ҷои тимор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ў на ҳамвор аст…

Кўшишу талош аз василаҳои пешрафти инсон дар зиндагист. Шоир дар ҳар ҳолат хомўшу фориғбол набудан ва пайваста дар кўшишу ҳаракат буданро талқин менамояд:
Агарат мадад расонад ҳаме бадри мунир, Мубодират куну хомўш мабош чандино.

пешина
аз 625
навбатӣ