Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бозтоби дардҳои замон

Адабиёт зодаву парвардаи ҷомеаи инсонӣ буда, миёни онҳо робитаи қавӣ мавҷуд аст. Дар ҳамаи давру замонҳо адабиёт чун ойинаи тамомнамо муҳимтарин падидаҳои иҷтимоии замонро инъикос менамояд. Адабиёти асри Х тоҷику форс низ қабл аз ҳама баёнгари воқеъияти зиндагӣ, афкору эҳсос ва отифаҳои мардуми ин даврон мебошад.
Чунон ки маълум аст, аз осори ғании адабиёти давраи мазкур бо мурури замон то имрўз ба миқдори хеле кам, ба истиснои Шоҳномаи Фирдавсӣ, асосан ашъори ғиноӣ расидааст, ки дар он воқеияти зиндагӣ на мустақиман, балки тавассути эҳсосу андеша инъикос шудааст. Ба иборати дигар, эҳсосу андешаҳои шоирон, ки бо каломи рангин иброз мегардад, аз воқеияти зиндагии мардум, ҳодисаву рўйдодҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии давр маншаъ мегирад. Аз ин ҷост, ки осори адибон чун манбаи муҳимми рўзгори онҳо ва гузашта аз ин сарчашмаи ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсӣ ҳам шинохта шудааст. Бесабаб нест, ки муҳаққиқон дар осори адибон бозтоби андешаҳои фалсафиву ахлоқӣ ва иҷтимоиву сиёсии онҳоро ҷўё мешаванд ва бар асоси онҳо гоҳо адибонро ба фирқаву гурўҳҳои сиёсӣ мансуб медонанд.
Ҳол он ки шоир ё нависанда метавонад файласуф набуда, баъзе андешаҳои фалсафӣ баён кунад ва ё бидуни сиёсатмадору давлатманд будан аз сиёсату давлатдорӣ сухан гўяд.
Агар аз ҳамин дидгоҳ ба осори бозмондаи устод Абўабдулло Рўдакӣ ва муосиронаш нигоҳ кунем, ҳатто дар абёти парокандаи шоирон ҳам бозтоби андешаҳои гуногунро метавон мушоҳида кард.
Абўабдулло Рўдакӣ бо илми фалсафа чӣ иртиботе доштааст, ба мо маълум нест, вале аз ашъори ў пай бурдани баъзе андешаҳои фалсафӣ душвор нест. Аз ҷумла дар байти зер Рўдакӣ пайдоиши инсонро аз чор унсур медонад:

Халқ зи хоку зи обу оташу боданд
В-ин малик аз офтоби гавҳари Сосон.

Андешаҳои фалсафии мазкур реша аз таълимоти файласуфи машҳури Юнони қадим Эмпедокл мегирад. Вале чунон ки аз байти дигари Рўдакӣ бармеояд, ў ба фалсафаи Юнон таваҷҷўҳ надошааст ва инро ошкоро баён кардааст:

Маро зи мансаби таҳқиқи анбиёст насиб,
Чӣ об ҷўям аз ҷўи хушки юнонӣ?

пешина
аз 625
навбатӣ