Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нуктаи хуш гуфтааст он дурбин:
Адл дорад мулкро қоим на дин!
Куфркеше, к-ў ба адл ояд фаре
Мулкро аз золими диндор беҳ

Дар «Баҳористон» низ ин матлаб таъкид шудааст:

Адлу инсоф дон, на куфру на дин
Он чи дар ҳифзи мулк даркор аст.
Адли бедин низоми оламро

Беҳтар аз зулми шаҳи диндор аст
Қобили тазаккур аст, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ низ ҳамеша зулму ситамро маҳкум намуда, шоҳонро ба адлу инсоф даъват мекунад:

Подшоҳӣ завқи маънӣ бурдан аст,
Не ба зўру зулм дунё хўрдан аст.

Тавре ки зикр шуд, дар таълимоти ахлоқии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ меҳвари асосӣ «ҳусни хулқ» аст, ки ҳамаи сифатҳои некро дар бар мегирад. Ў ҳусни хулқро барои ҳамаи афроди ҷомеа, ба хусус, ҳокимон зарур мешуморад. Бесабаб нест, ки ў боби савуми дастури ахлоқии худ «Захиратулмулук»-ро «Дар макорими ахлоқ ва ҳусни хулқ ва вуҷуби тамассуки ҳоким ва подшоҳ»
номгузорӣ кардааст. Барои ташаккули ҳусни хулқ орифи шоир тарбиятро хеле муҳим ва муассир медонад. Аз ин ҷост, ки дар осори ў ба тарбияи фарзанд таваҷҷўҳи зиёд зоҳир шудааст, ки ин мавзўи баҳси дигар аст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташаккули ахлоқии инсон таъсири муҳитро таъкид менамояд. Сўҳбат бо одамини нек ва ҳамнишинӣ бо онон ба инсон камол мебахшанд :

Камол аз сўҳбати мардон тавон ёфт,
Дур (р) аз дарёву лаъл аз кон тавон
Дило, дар сўҳбати аҳли сафо бош,
Чу сўҳбат ёфтӣ, аҳли вафо бош.

Ба ин минвол Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар рисолаҳои хурду бузург ва ашъори камшумори худ ба ҳар масъалае ворид шавад, ҳамеша инсонро дар мадди назар дорад ва бузургиву накўдошти ўро таъкид менамояд.

пешина
аз 625
навбатӣ