Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин ҷост, ки онҳо бештар рўй ба гузаштаи пурифтихори кишвари худ намуда, аз таъриху тамаддуни ғании бостонии ниёгон ёд мекарданд. Масъуди Марвазӣ, ки шояд аз нахустин «Шоҳнома»-сароён бошад, аз зумраи шоирони меҳандўст аст, ки эҳёи Аҷамро ҳадафи суханварии худ қарор дода, қабл аз Дақиқиву Фирдавсӣ роҷеъ ба таъриху тамаддуни бостонии Эрон ба забони форсии дарӣ асари манзуми ҳамосӣ офаридааст, ки мутаасифона, то имрўз нарасидааст. Аз он чанд байти боқимонда ҳам ҳадафи шоир маълум мешавад :

Нахустин Каюмарс омад ба шоҳӣ,
Гирифташ ба гетӣ дарун подшоҳӣ.

Шоирони асрҳои 1Х – Х барои барангехтани эҳсоси ватандўстиву диловарии ҳамзамонони худ ба ҳар васила аз қаҳрамонони «Худойнома» ва «Шоҳнома»-ҳои қадимӣ ёд мекунанд. Аз ҷумла Мантиқии Розӣ дар ҳаққи мамдўҳаш гуфтааст :

Куҷо камтарин бандагонаш чу Бежан,
Фузун дорад ар чокар аз Тўсу Навзар.

Рустами Достон барои Рўдакӣ рамзи тавоноиву диловарист. Аз ин ҷост, ки мамдўҳи худро ба ў монанд мекунад :

Рустамро ном агарчи сахт бузург аст,
Зинда бад-ўяст номи Рустами Дастон.

  • х –
    Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,
    Рустами Дастон туӣ андар набард.

Ба ин тартиб шоирони ин давра аз Ҷамшеду Кайковус, Парвизу Сиёвуш ва қаҳрамонони дигари бостонӣ ёд кардаанд.
Аз ашъори боқимондаи он даврон бармеояд, ки шоирон аз ёдгори қадимтарини ниёгони худ «Авесто» огоҳии хуб доштаанд.
Рўдакӣ дар зимни ситоиши мамдўҳ хислатҳои ҳамида ва ботини неки ўро ба «Авесто» монанд кардааст:

Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ў шарҳ,
Ҳамчу Абастост фазлу сифоти ў Занд.

пешина
аз 625
навбатӣ