Равзанаи адаб

Тавре ки дар «Луғатнома»-и Деҳхудо омадааст: «Соҳибони «Анҷуманоро» ва «Онандроҷ ва «Ғиёс…» дар ин маврид менависанд: забони порсиро аз он дарӣ гўянд, ки дар русто ва кўҳистону дара бад-он такаллум мекарданд…» Худи Деҳхудо низ аввал ҷонибдории худро ба ин андеша иброз медорад : «Ва ҳақ он аст, ки дарӣ мансуб ба кўҳу дара аст, чунончи кабки дарӣ кабкҳоеро гўянд, ки дар миёни дараи кўҳ парвариш ёбанд ва забони дарӣ забони аҳли Кўҳистон аст…» Вале ў ҳам ақидаи аз «дарбор» будани «дарӣ»-ро илмӣ мешуморад : «Ин изҳори назарҳо бар асоси илмӣ нест ва он чӣ беҳтар ба назар мерасад, ин аст, ки дарӣ мансуб ба дар мухаффафи «дарбор» аст, яъне забоне, ки дар дарбору даршоҳи шоҳон бар он сухан мегуфтанд». Баъзе муҳаққиқон низ андешаи ба дара мансуб будани дариро ҷонибдорӣ кардаанд. Вале ин андеша рушду тавсиа пайдо накард ва мавриди таъйиди донишмандон қарор нагирифт.
Ба назари мо дарвоқеъ вожаи «дарӣ» дар ибораи «забони дарӣ» аз калимаи «дара» буда, азбаски талаффузи вожаҳои «дараӣ» ё «дарагӣ» мисли «дарборӣ» равон нестанд, тахфиф шуда, шакли зебову равони «дарӣ»-ро гирифтаанд.
Сониян, дар забони мо қаринаи дигаре нест, ки дарӣ ба маънии дарборӣ ё дарунӣ истифода мешуда бошад, вале ба маънии дарагӣ як мисоли хубе ҳаст, ки он ибораи шевои «кабки дарӣ»
мебошад. Лафзи дарӣ, забони дарӣ дар ҳамин қолаби иборасозӣ сохта шудаанд. «Дар» ба маънии «дара» дар ашъори шоирон низ ба назар мерасад. Аз ҷумла дар байти зайли Туғрал дар ба ҳамин маънӣ истифода шудааст :
В-аз адли ў дар кўҳу дар оҳу аниси шери нар, Бабру палангаш безарар бо рама чўпон парварад. Агар ин фарзия пазируфта шавад, муаммоҳое, ки Ж. Лазар ёд кардааст, ҳал хоҳанд шуд. Яъне забони порсии дарӣ як навъи гуфтории забони порсӣ буд, ки на дар дарборҳо, балки дар дараҳои кўҳистони Хуросону Мовароуннаҳр дар баробари забонҳои соҳибхатти суғдӣ, бохтарӣ, ориёӣ, хоразмӣ дар байни мардум амал мекард. Бар асари истилои арабҳо ва ҷорӣ шудани забону хатти арабӣ ба сифати забони расмӣ забонҳои мазкур аз байн рафтанд ва забони гуфтугўии мардум бо фароҳам омадани шароити мусоид дар аҳди Саффориёну Тоҳириён ва Сомониён дар як муддати кўтоҳ на танҳо чун забони адабӣ ташаккул ёфт, балки ба дараҷаи камолот расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё