Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саъдӣ

Фирдавсӣ дар чанд маврид барои ифодаи матлаб шербачаро мисол меорад:

Ки чун баччаи шери нар парварӣ,
Чу дандон кунад тез кайфар барӣ.

Саъдӣ ҳамон матлабро бо истифода аз саг ва хар баён мекунад:

Саг ба дарёи ҳафтгона бишўй,
Ки чун тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд ҳанўз хар бошад.

Тавре ки қаблан зикр шуд, Фирдавсӣ барои баёни андешаи ирсӣ будани хулқи бад дарахти аз донаи талх сабзандаро мисол овардааст. Саъдӣ низ ҷиҳати ифодаи ҳамон матлаб дарахтро мисол оварда, онро мушаххас мегардонад ва аз дарахти муқл меваи хурмову шафтолу нарўиданро таъкид менамояд:

Муқаддар аст, ки аз ҳар касе чу феъл ояд,
Дарахти муқл на хурмо диҳад на шафтолу.

Ба ин минвол Фирдавсию Саъдӣ дар масъалаи ирсияти хислатҳои неку бад ва нақши муҳиту тарбият дар ташаккули шахсият ҳамақида буда, хулқи бадро тарбиятнопазир медонанд. Саъдӣ андешаҳои Фирдавсиро ҳарҷониба ривоҷ дода, бо далел тоза такмил намудааст. Андешаҳои ахлоқие, ки ин ду адибу омўзгори бузурги хислатҳои ҳамидаи инсонӣ баён кардаанд, то ибтидои қарни ХХ тақрибан бетағйир идома ёфтааст.
Соли 1999

2 Ризо Мустафавӣ. Чаро ба Фирдавсӣ лақаби «ҳаким»
додаанд? Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам…, саҳ. 556.

пешина
аз 625
навбатӣ