Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё худ дере нагузашта дар адабиёти форсу тоҷик навъҳои тозаи шеър, монанди рубоӣ, маснавӣ ривоҷ ёфтанд, ки ҳарчанд унвони арабӣ гирифтаанд, вале дар адабиёти араб назире надоштаанд,.
Ҳамчунин наметавон ба хулосаи зерини Е.Э.Бертелс дар мақолаи мазкур розӣ шуд, ки навиштааст:
"Шеъри форсии аҳди Сомониро наметавон ҷудо аз назми араби ҳамон даврон баррасӣ намуд – ин як адабиёт аст, ки аз ду забони гуногун истифода кардааст".
Ба назари мо, баръакс, осори бадеии арабизабонро, ки дар асрҳои 8-10 дар Хуросону Мовароуннаҳр офарида шудааст, бояд аз адабиёти форсу тоҷик донист. Зеро он осор ҳарчанд ба забони арабист, вале комилан рўҳияи милливу ифтихороти эронӣ дошта, аксаран андешаву эҳсосоти зиддиарабиро ифода менамояд.
Ниҳоят, муҳимтарин омили дигари пешрати сареъи адабиёти аҳди Сомониён, ки мехоҳем роҷеъ ба он таваққуф намоем, наҳзати иҷтимоиву адабии шуъубия аст, ки ҳанўз ба қадри кофӣ таҳқиқ нашуда ва моҳияти воқеии он арзёбӣ нагаштааст. Ҷунбиши шуъубия, ки унвони худро аз ояи 13 сураи 49-и Қуръони маҷид "Ҳуҷарот" гирифтааст, дар ибтидои асри 8 чун аксуламале ба худписандиву такаббури ҳокимону хулафои араб ва муносибати таҳқиромези онҳо ба аҷамиён пайдо шуда буд, тадриҷан ба як ҷараёни бузурги иҷтимоиву сиёсӣ табдил ёфта, барои ҷунбишҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ошўбу исёнҳои гуногун замина гузоштааст. Ин ҷунбиши иҷтимоӣ ба адабиёт низ роҳ ёфта, дар қолаби забони арабӣ зуҳур кардааст. Адибони маъруфи арабизабон Исмоил бинни Ясар, Башшор бинни Бурди Тахористонӣ, Хураймии Суғдӣ, Мутаваккилӣ, Абўнувос, Ибни Муқаффаъ ва амсоли онҳо дар осори худ аз гузаштаи пурифтихори мардуми эронинажод, бузургиву шукўҳи тамаддуни ниёгони худ ёд карда, бартарии аҷамиёнро бар арабҳо таъйид менамуданд ва хулафову ҳокимони арабро мавриди тамасхуру мазаммат қарор медоданд.
Адибону донишмандони шуъубия, гузашта аз осори ғании манзум, ба таълифи рисолаҳо низ пардохтанд, ки "Интиоф-ул- Аҷам мин-ал-Араб" ва "Фазл-ул-Аҷам ало ал-Араб ва ифтихоруҳо"-и Абўусмон Сайид бинни Ҳамиди Бухтакон, "Алмасолиб-ус-сағир" ва "Ал-масолиб-ул-кабир"-и Ҳайсам бинни Адо, "Фазоил-ул-фурс"-и Абўубайди Муаммар аз ҳамин зумраанд.
Адабиётшиноси ҷавони тоҷик Низомиддин Зоҳидов дар таҳқиқоти худ ашъори чанде аз шоирони шуъубиро таҳқиқ намуда, ба чунин натиҷа расидааст, ки хеле ҷолиб аст: "Мафкураи шуъубия, шеъри шуъубӣ дар пайдоишу рушди шеъри нави форсӣ нақши хосе дорад. Оҳангҳои ватандўстӣ, алоқа ба фарҳанги тоисломии худӣ, руҷўъ ба осори Эрони бостон, ки ба офаридаҳои шуарои шуъубӣ хос буданд, ба адабиёти қарни Х форсу тоҷик аз шеъри шуъубияи қарнҳои 8-9 интиқол ёфтаанд" Дар воқеъ таъсири неҳзати шуъубия дар худогоҳиву худшиносӣ ва тақвияти эҳсоси ватандўстии аҳли адаби аҳди Сомониён хеле бузург аст.

пешина
аз 625
навбатӣ